Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЖАТОШ

МОЖАТОШ

mМОЖАТОШ, қабристони давраи сакоиҳо дар Помири Шарқӣ, 12 км ҷанубтар аз Қизилработ, ки дар соҳили чапи д. Оқсу воқеъ аст. Ман­суб ба асрҳои 7—3 то м. Солҳои 1958—59 кашф ва тадкик карда шудааст. Можатош аз ду қабристон иборат буда, шартан Можатоши I ва Можатоши II ном гирифтааст. Можатоши I аз 20 пушта иборат буда, масоҳаташ 100 X 60 м2. 13 пуштаи он тадқиқ гардидааст ва асосан қабрҳои кӯдаконанд; баъзе қабрҳо, ки пештар кушодаанд, хароб шудаанд. Пуштаҳоро аз сангҳои гуногунҳаҷм доирашакл сохтаанд. Ҷасадҳо дар ҳолите, ки дасту пояшон қат аст, якпаҳлу (рӯ ба шарқ) дафн шудаанд. Аз қабрҳо зарфҳои сафолӣ, асбобҳои ороишии биринҷӣ, мунчоқу марҷонҳо ёфт шудаанд. Можатоши II. аз 10 пушта иборат буда, дарозиаш 65 м аст. Дар натиҷаи тадқиқи 6 пушта маълум гашт, ки дар ин ҷо мардону занон гӯронида шудаанд. Пуштаҳо­ро аз сангҳои калони росткунҷа ва доирашакл сохтаанд. Ҷасадҳо дар ҳолате, ки дасту пояшон қат аст, рӯболо ва якпаҳлу (рӯ ба шорк) хобидаанд. Аз қабрҳо зарфҳои чӯбӣ, сафолӣ, биринҷӣ, боқимондаҳои матоъ, устухонҳои гӯсфанд, камар Go иди ҷангӣ бо ороишоти биринҷӣ ханҷари биринҷию оҳанӣ дар ғилофи чармӣ, сипарӣ чармӣ, акинак ва пайконҳои биринҷӣ ёфт шудаанд, Садафҳое, ки аз қабрҳои Можатош ба даст омадаанд, аз робитаи қадимии Помиру Ҳиндустон шаҳодат медиҳад.

Ф. Лбдуллоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …