Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОЖАЙСКИЙ Александр Фёдорович

МОЖАЙСКИЙ Александр Фёдорович

nophoto-manМОЖАЙСКИЙ Александр Фёдоро­вич (21. 3. 1825, Роченсальм, ҳозира Котка, Финляндия — 1. 4. 1890, Пе­тербург), ихтироъкор ва тадқиқотчии рус. Соли 1841 Корпуси кадетии баҳриро хатм намуд. Солҳои 1841—62 ва 18f9—82 дар ФҲБ, 1862—79 дар муассисаҳои граждании доир ба гузарондани ислоҳоти деҳқонӣ хизмат кард. Соли 1882 дар рутбаи генерал-майор ба истеъфо баромад (аз 1886 контрадмирал). Аз соли 1856 бо масъалаҳои парвоз машғул шуд: парвози паррандаву бодбаракҳо, кори винтҳои ҳавоиро ҳарҷониба омӯхт, инчунин ба тадқиқоти имконпазирии сох­тани аппаратҳои париши аз ҳаво вазнинтар шурӯъ намуд. Соли 1876 парвози моделҳои сохтаашро бомуваффақият намоиш дод. 3 ноябри 1881 дар Россия аввалин шуда ҳамчун ихтироъкор» «снаряди дар ҳаво парвозкунанда» (самолёт) ҳуҷҷат ги­рифт. Ҳамон сол ба сохтани самолёти дорои ду мошини бугии иқтидори ҳар кадом 10 ва 20 ҳазор оғоз намуд ва бунёди онро тобистони соли 1882 ба анҷом расонд. Доир ба парвози ин самолёт ягон ҳуҷҷати расмӣ боқӣ намондааст. Маъхазҳои мансуб ба соли 1909 ва солҳои минбаъда шаҳодат медиҳанд, ки кӯшиши парвоз бо ин самолёт муваффақият пайдо накард. Аппарати париши Можайский идеалӣ яке аз аввалин кӯшишҳои инсон аст дар роҳи сохтани самолётҳои пилотдор.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …