Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЗАНДАРОНИҲО

МОЗАНДАРОНИҲО

МОЗАНДАРОНИҲО, қавм, аҳолии Мозандарон. Шумораи умумиашон 1,3 млн нафар (1978). Алифбо надо­ранд; забонашон мансуби гурӯҳи забонҳои эронист. Диндорон шиамазҳабанд. Сокинони маҳалҳои кӯҳсор ба урфу одатҳои қабилавӣ риоя мекунанд. Қабилаҳои машҳуртарин: кадикӯлоҳӣ, паланӣ. Мозандарониҳо бо форсҳо қаробат доранд. Ҳоло аз ҳар ҷиҳат ба форсҳо наздик мешаванд. Бо деҳқонӣ (шоливу ғаллакорӣ) ва чорво­дорӣ (гӯсфанду бузпарварӣ) машғуланд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …