Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОТРИДӢ

МОТРИДӢ

nophoto-manМОТРИДӢ Абу мансур Муҳаммад ибни Маҳмуд (соли таваллуд номаълум, Самарқанд — вафот 944—45, ҳамон ҷо), мутакаллими мазҳаби ҳанифия буда, дар як вақт ва новобаста аз Ашъария худ системаи каломро таҳия кардааст. Асарҳои машҳураш «Китоб-ут-тавҳид», «Китоб-ул-мақолот», «Таъвилот-ул-Қуръон» мебошанд. Системаи Мотридӣ аз системаи каломи Ашъарӣ ба андозае фарқ мекунад. Мутакаллимон байни каломи Ашъарӣ ва Мотридӣ 13 ихтилофро дарёфтаанд, ки аз онҳо 6-тоаш маънавӣ ва 7-тоаш лафзӣ будаанд. Дар масъалаи ҷабр ва ихтиёр Мотридӣ бар хилофи Ашъарӣ эътироф мекунад, ки «инсон дар афъол дорои қудрат ва ихтиёр аст ва ин қудрат дар вуҷуди он афъол омили муассир аст». Бинобар ин инсон метавонад ягон аъмол ё кореро ихтиёран содир намояд. Дар аъмоли поки инсонро худо мададгор аст, вале дар корҳои бад аз ӯ дурӣ меҷӯяд ва ба содир шудани гуноҳ ғайри фаъолона роҳ медиҳад. Пас, инсон дар назарияи Мотридӣ масъули аъмоли худ аст. Ленин Мотридӣ ихтилофи байни ихтиёри инсон ва қудрати офаридгории мутлақи худоро эзоҳ намедиҳад.

Дар масъалаи антропоморфизм (мушобиҳа) ва сифатҳои худо Мотридӣ ҳам ташбеҳ ва ҳам таътилро рад кард. Чӣ қадаре ки системаи Ашъарӣ дар байни шофеиҳо эътироф гардида бошад, системаи Мотридӣ дар Хуроcoн ва Мовароуннаҳр, ки дар он ҷо мазҳаби ҳанифия ҳукмрон буд, ба ҳамон андоза эътибор дошт. Бо гузашти айём ҳар ду системаи калом, ки умуман ба якдигар хеле наздик буданд, дар байни аҳли суннат (сунниҳо) ҳамчун каломи шаръӣ писандида шуданд.

Ад.: Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках. Л1960;

  1. Нулматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …