Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МОТИКОНИ ҲАЗОР ДОҒИСТОН»

«МОТИКОНИ ҲАЗОР ДОҒИСТОН»

hazor-dogistoni«МОТИКОНИ ҲАЗОР ДОҒИСТОН» («Китоби ҳазорон доварӣ»), муҳимтарин ва ягона асари ҳуқуқии паҳлавӣ, таълифи Фаррухмарди Баҳром. «Мотикони ҳазор Доғистон» Қонун ва лоиҳаҳои ҳуқуқи давраи Сосониёнро дар бар мегирад. «Мотикони ҳазор Доғистон» дар ибтидои асри 7, Tақрибан соли 620 навишта шуда бошад ҳам, бисьёр маълумоти он ба давраҳои аввали ҳукмронии Сосониён ва ҳатто ба давраи Ашкониён тааллуқ дорад. Дар натиҷаитадқиқоти як зумра олимони хориҷӣ ва советӣ (X. Бартоломе, А. Пальяро, Ж. де Менаск, Т. Анклесарна, Н. В. Пигулевская, А. Г. Периханян ва дигарон) бисьёр мушкилоти рамзкушоии «Мотикони ҳазор Доғистон» ҳал гардида, мундариҷаи асосии асар ва баъзе қисмҳои он (доир ба масъалаҳои муносибати оилавӣ, шаклҳои ақди никоҳ аҳволи ғуломон дар мамлакат, бахшиш, савганд ва аҳду паймон, муносибати қарздорону қарзхоҳон, ташкили мурофиа ва додхоҳӣ) то андозае таҳқиқ шудаанд. Тадқиқи бисьёр ҷиҳатҳои ҳуқуқшиносии давраи Сосониён ва шарҳи дурусти як силсила истилоҳоти китоби мазкур ба қалами X. Бартоломе тааллуқ дорад. Аз мазмуну мундариҷаи «Мотикони ҳазор Доғистон» бармсолд, ки муаллиф (ё мураттиб)-и китоб аз асарҳои дигари доир ба ҳуқуқи инсони баҳраманд будааст ва аз онҳо (ба қавли Г. А. Периханян аз Авесто ва манбаъҳои дигари Эрони Қадим) истифода кардааст. Матни «Мотикони ҳазор Доғистон»-ро Ҷ. Модаи (1901), Т. Д. Анклесариа (1912) ва С. Булсара (1937)— олимони порсӣ, пайравони дини зардуштӣ дар Ҳиндустони имрӯза, ба табъ расонидаанд.

Ад.: Периханян Г. А., Сасаяидский судебник, М., 1968.

В. Бобохонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …