Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МОТИКОНИ ЧАТРАНГ»

«МОТИКОНИ ЧАТРАНГ»

motikoni-chatrang«МОТИКОНИ ЧАТРАНГ», «Чатранг-намак» («Китоби шатранҷ»), яке аз осори адабиёти паҳлавӣ, манбаи қадими эронӣ оид ба таърихи шатранҷ. Тақрибан дар охири асри 7 ва даҳсолаҳои аввали асри 8 таълиф шудааст. Воқеаҳое, ки дар «Мотикони чатранг» тасвир шудаанд, дар замони ҳукмронии Хисрави Анушервон ба амал омадаанд. Қаҳрамони асосии ин рисола Бузургмеҳр — вазири Хисравн Анушервон аст. Подшоҳи Ҳиндустон Девсари тахтаву мӯҳраҳои (донаҳои) шоҳмотро, ки гӯё донишмандони Ҳинд ихтироъ карда будаанд, ба дарбори Анушервон фиристода, талаб менамояд, ки донишмандони Эрон сирри ин бозиро дарёбанд. Дар ин ҳол ӯ аз Анушервон боҷу хироҷи фаровоне хоҳад гирифт. Бузургмеҳр сирри ин бозиро кушода, 3 дастро аз фиристодаи шоҳи Ҳинд бурд ва худ дар муқобили шатранҷ бозии «Невардашер» (нарди ҳозира)-ро ихтироъ карда, ба номи Ардашери Бобакон — асосгузори давлати Сосониён мавсум кард. Бузургмеҳр ба Ҳиндустон равона шуда, кушодани сирри нардро аз донишмандони Ҳинд талаб кард. Дар муддати чиҳил рӯз донишмандони Ҳинд сирри бозии «Невардашер»-ро кушода натавонистанд. Бузургмеҳр аз шоҳи Ҳинд хироҷи зиёд ситонида ба Эрон баргашт. Дар бандҳои охири «Мотикони чатранг» қоидаҳои муҳимтарини бозии шатранҷ оварда шудаанд. Қиссаи ихтирои шатранҷ ва кушода шудани сирри он аз тарафи Бузургмеҳр дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ омадааст, ки нисбат ба «Мотикони чатранг» пурратар аст. Қисми дуюми достони Фирдавсӣ дар бораи аз Ҳиндустон Эрон овардани шатранҷ ба истиснои баъзе тағйирот (номи шахсон РК дорад), ба «Мотикони чатранг» монанд аст.

Дар замони мо нусхаи дар асри 13 китобатшудаи «Мотикони чатранг» расидааст. Бори аввал «Мотикони чатранг»-ро К. Г. Залеман хонда ва ба забони немисӣ тарҷума карда буд (1887). Матни аслӣ ва тарҷумаҳои англисиву русии ин асар низ мавҷуданд.

Ад.: Орбели И. и Тренер К., Шатранг. Книга о шахматах. Л., 1930;

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …