Маълумоти охирин

МОСКВА

moskva-daryoМОСКВА, дарьёест дар вилояти Моск­ва ва қисман дар вилояти Смоленски РСФСР, шохоби чапи д. Ока (ҳавзаи Волга). Аз баландии Москва ибтидо ёфта, дар наздикии ш. Коломна ба д. Ока мерезад. Тӯлаш 502 км, масоҳаташ ҳавзааш 17600 км2. Манбаи оби дарьё: барф, оби чашмаҳо ва борон. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна 109 м3/сон. Ноябр— декабр ях баста, охирҳои март — апрел яхаш об меша­вад. Шохобҳои калонаш: аз чап — Иночь, Искона, Руза, Истра, Сходня, Яуза; аз рост — Пахра, Северка, Ко­ломенка. Бо мақсади танзими оби Москва обанборҳо (Можайск, Руза, Истра ва ғ.) ва дарротҳо сохта шудаанд. Соли барои бо д. Волга бевосита пайваст намудани Москва Канали ба номи Москва сохта шуд. Ба воситаи ин канал аз обанбори Иваньковой д. Волга соле ба Москва 1,8 км3 об мерезад. Москва поён аз Канали ба номи Москва киштигард аст. Оби Москва барои таъмин намудани аҳолии ш. Москва, васеъ истифода мешавад. Дар соҳилҳои Москва шаҳрҳои Можайск, Звенигород, Мо­сква, Жуковский, Бронницы, Воскресенск, Коломна воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …