Маълумоти охирин

МОСКВА

МОСКВА, деҳаест дар С. қ. Орзук pайони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Гулистон». Аз деҳа то маркази С. қ. 8 км, то район 20 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 910 нафар (1981), ӯзбекҳо, тоҷикон. Москва мактаби 8-сола, магазин, пункти тиббӣ ва фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию чорводорӣ. Заминҳо аз канали дарахтзор обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …