Маълумоти охирин

МОСКВА

kullaМОСКВА (то 1947 — қуллаи Сидов), қуллаест дар Помири Шимолу Ғарбӣ, баландтарин нуқтаи қаторкӯҳи Пётри 1. Дар канори шарқии қаторкӯҳ, ғарбтар аз қуллаи Коммунизм воқеъ гаштааст. Баландиаш 6785 м. Қуллаи Москва.

Дар нишебиҳои поёни қулла пиряхҳои Гандо, Сугрон (Сагран), Фортамбек ва ғ. мавҷуданд. 31 августи 1956 алпинистони Грузия бо роҳбарии О. Гигинейшвили теғаи ғарбӣ ва 9 августи 1977 алпинистони Украина бо роҳбарии В. Черевко давораи (партгоҳи) шимолу шарқии Москваро бори нахуст фатҳ карданд. Соли 1947 ба шарафи 800-солагии ш. Москва қулла Москва номида шуд.

А. Юсуфбеков, В. С. Машков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …