Маълумоти охирин

МОСКВА

moskva-podМОСКВА, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 14 январи 1929 ташкил шуда­аст. Масоҳаташ (бо ш. Москва) 47 ҳазор км.  шумораи умумии аҳолии вилоят ғайр аз ин. Москва 6410 ҳазор нафар (1979), асосан русҳо. Зичии ми­ёнаи аҳолӣ дар 1 км2 291,7 нафар; ахо­лии шаҳрӣ 72%. Ба 39 райоии маъмурӣ тақсим шуда, 70 шаҳр, 75 птш дорад. Шаҳрҳои калон: Подольск, Люберцы, Коломна, Серпухов, Электросталь, Орехово-Зуево, Мытищи, Ка­лининград, Ногинск. Марказаш ш. Москва. Бо 3 ордени Ленин (1934, 1956, 1966) мукофотонида шудааст.

Дар маркази қисми Европойи СССР, байни дарёҳои Волга ва Ока ҷой гирифта аст. Рельефаш хамвории теппадор ва пастии ҳамвор. Ғарб. ва Шимол Ғарби вилоятро баландии сертеппаи Москва (то 270—310 м), % Ш.-ро пастии ботлоқзори Мещера, Ҷаеубро қисми шимоли баландии Миёнаи Рус (150—200 м) ишғол кардааст. Сарватҳои зеризаминӣ: торф, фосфо­рит, оҳаксанг, масолеҳи бинокорӣ, гилҳои оташтобовар. Иқлимаш мӯътадили континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз —10® то 11° С, июль аз 17° то 1^ С. Боришоти солона 500—650 мм. Дарьёҳои калон: Ока ва шохоби чапи он — Москва. Шохобҳои калонтарини д. Ока-Нара, Лопасня, Протва, Цна, Осётр; Москва — Руза, Истра, Яуза ва ғ. Аз терр. вилоят шохобҳои Волга — Дубна ва Лама ҷорӣ меша­ванд. Кӯлҳо: Тростен, Нера, Чёрное, Святое ва ғ. Дар пастхмиҳо ва водии дарьёҳо ботлоқзорҳо мавҷуданд. Хокаш асосан чимтолию хо­кистарӣ, хокистарию ботлоқӣ, бешагию сиёҳхок, дар водиҳои дарьёҳо аллювиалӣ. Қариб 40% терр. Москваро беша ишғол кардааст. Асосан тӯс ва баргларзон, коч, санавбар мерӯяд. Дар бешаҳо шохгавазн, савсор, хазн сиёҳ кашқалдоқ, рӯбоҳ, гуроз, санҷоб ва ғ. вомехӯранд; паррандаҳо бисьёранд. Дар кӯлу дарьёҳо ва обанборҳо шӯртан, окупь, судак, плотва ва ғ. мавҷуданд. Дар ҷануби вилоят куруки назди Ока воқест.

Москва райони мутараққии индустриявии хоҷагии қишлоқаш сермаҳсул мебошад. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозии мураккаб, коркарди металл, асбобҳои дацик, электроэнергетика, меха­никаи оптикӣ, радиоэлектроника, химия, металлургия. Корхонаҳои саноатии вилоят дастгоҳҳои металлбу­рӣ (Коломна, Дмитров, Егорьевск), таҷҳизот барои саноатҳои металлур­гӣ ва нефт; дастгоҳҳои бофандагӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, таҷҳизот барои саноати сабук (Клин, Подольск, Коломна), дегҳои бӯғӣ (Подольск), экскаваторҳо (Дмитров), мошинҳои хоҷагии қишлоқ (Люберцы), автосамосвалҳо, вагонҳои метро, автокранҳо (Мытищи, Балашиха), автобусҳо (Ликино-Дулево), тепловозҳою мошинҳои цементкашонӣ (Коломна), аппаратураҳои ренттенӣ, киноаппарат (Красно­горск), кабел, аккумулятор, таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ ва ғ. истеҳсол мекунанд (Балашиха). Саноати бофандагӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини Москва мебошад. Матоъҳои пахтагин, пашмин, шоҳӣ ва трикотаж истеҳсол мешавад. Марказҳои калон: Орехово-Зуево (комбинати матои пахтагин), Егорьевск (фабрикаи бофандагию дӯзандагӣ ва меланж), Серпухов (фабрикаи бофандагӣ), Павловский По­сад (комбинат ва фабрикаи матои пашмин ва ғ.). Вилоят 17% матои пахтагину пашминӣ умумииттифоқро истеҳсол менамояд. Саноати химия нахи сунъӣ, қатрон, пластмасса, нуриҳои минералӣ, дору, заҳрхимикатҳо, моддаҳои рангкунанда, реактивҳо, кислотаҳо (Воскресенск, Орехово-Зуево, Клин, Щёлково ва ғ.) истеҳсол мекунад. Саноати масолеҳи бинокорӣ асо­сан шифер ва масолеҳи пластмассаю оҳану бетон, хишт (Воскре­сенск, Подольск, Коломна, Дмитров, Домодедово, Загорск ва ғ.) истеҳсол менамояд. Саноати зарфҳои чинию фаянс (Ликино-Дулево, Вербилки) ва шиша (Клин, Солнечногорск), ки аҳамияти умумииттифоқӣ дорад аз давраҳои пеш тараққӣ кардааст. Дар ҳамаи районҳои вилоят шумораи зиёди корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, пойафзол мавҷуданд. Вилоятро бо қувваи электр ГЭС-и ба номи Ленин, ГЭС-и «Съезди 22-ю ми КПСС (ҳар ду дар д. Волга), ТЭЦ- ҳои Шатура, Кашира ва ғ. таъмин мекунанд. Газ ба вилоят аз Украина, Кавкази Шимолӣ, Поволжье ва Осиёи Миёна ба воситаи газопроводҳо меояд.

Вилоят асосан гандум, ҷав, сулӣ, зағир парвариш мекунад. Сабзавоткорӣ ва картошкакорӣ низ тараққӣ кардааст. Барои Москва ва дигар шаҳрҳоро бо сабзавот таъмин кар­дан совхозу хоҷагиҳои дорои парнику гармхонаҳои махсус барпо карда шудаанд. Боғдорӣ ҳам тараққӣ кар­дааст. Парвариши чорвои ширу гӯштдеҳи хук ва паррандапарварӣ ривоҷ ёфтааст. Соли 1975 дар вилоят 1053 ҳазор cap гов, 725 ҳазор cap хук, 218,5 ҳазор cap бузу гӯсфанд, 19777 ҳазор cap парранда буд. Тӯли роҳи оҳан 2,7 ҳазор км (1975), аз он ҷумла 2,2 ҳазор км роҳи оҳан электронида шудааст. Узели роҳи оҳани Москва — калонтарин роҳи оҳан дар СССР мебошад. Дарьёҳои Ока, Моск­ва ва Канали ба номи Москва киштигарданд. Дар терр. Москва як қатор иншоотҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи солҳои 1941—42 Москва, ба монан­ди «Онҳо даҳ ҳазор нафар буданд» (шоссеи Минск), ҳайкали Зоя Космодемьянская, комплекси ёдгорӣ дар километри 41 (шоссеи Ленинграду, муҷассама «Ба қаҳрамонони муҳорибаи назди Мотжва» (ш. Яхрома), ҳайкали ёдгорӣ ба қаҳрамонон — панфиловчиён (деҳаи Нелидово, дар назди Волоколамск) ва ғ. мавҷуданд.

Соли таҳсили 1975/76 дар вилоят 2347 мактаби маълумоти умумӣ, 104 мактаби миёнаи махсус, 10 мактаби олӣ буд. 1 январи 1975 1345 китобхонаи оммавӣ, 27 музей (аз он ҷумла Хона-музейҳои В. И. Ленин дар Горки, деҳаи Костило, Подольск), Музеи қаҳрамонҳо — панфиловчиён (деҳаи Нелидово), Музеи ёдгорӣ» Зоя Космодемьянская (деҳаи Петрищево), Хона-музеи Чайковский ва ғ., 6 театр. Соли 1979 дар вилояти Москва 22960 духтур кор мекард. Дар терр. вило­ят 137 санатория ва 109 хонаи истироҳатӣ, базаҳои туристӣ, пансионатҳо ва ғ. ҳастанд.

Газетаҳои вилоятии «Ленинское знамя» (аз соли 1918) ва «Московский комсомолец» (аз 1919) нашр меша­ванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …