Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОСКАЛЕНКО

МОСКАЛЕНКО

moskalenkoМОСКАЛЕНКО Кирилл Семёнович (таваллуд 11. 5.. 1902, деҳаи Гришино, pайони Красноармейский вилояти Донецки ҳозира), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1955), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Сове­тӣ (1943, 1978), Қаҳрамони РСЧС. (1969). Аъзои [КПСС аз соли 1926. Дар сафи Армияи Сурх аз соли 1920. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ. Мактаби командирони сурхи Украина (1922), курсҳои ар­тиллерии такмили ҳайати командирони Армияи Сурхи коргару деҳқон (1928) ва факултети ҳайати командирони олии Академия» артиллерии ба номи Ф. Э. Даержинскийро (1939) хатм намуд. Дар ҷанги Иттифоқи Со­ветӣ ва Финландия сардори артиллерияи дивизияи тирандозӣ буд. Соли 1940 сардори артиллерияи корпус,, командири бригадаи зиддитанкӣ. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ командири корпусҳои тирандозӣ ва савора, фармондеҳи қӯшуни зудҳаракат ва ҷонишини фармондеҳи армияи 6-ум ( то январи 1942); фармондеҳи армияи 38-ум, 1-уми танкӣ, 1-уми гвардиягӣ, 40-ум(1942—43), аз октябри 1943 то охири ҷанг фармондеҳи армияи 38-ум дар фронтҳои Ҷанубу Ғарб, Сталинград Воронеж, 1-ум ва 4-уми Украина. Пас аз ҷанг дар вазифаҳои масъул дар қӯшунҳо (1945—48), фармондеҳи қӯшунҳои зидди ҳуҷуми ҳавоии райони Москваи округи ҳарбии Москва (1953—60), сарфармондеҳи қӯшунҳои ракетии стратегӣ ва ҷонишини вазири мудофиаи СССР (1960—62).

Аз апрели 1962 саринспектори Вазорати мудофиаи СССР ва ҷонишини вазири мудофиаи СССР. Аъзои КМ КПСС аз соли 1956. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—10). Бо 6 ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь, 5 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 1, 2) орде­ни Кутузов (дараҷаи 1), ордени Бог­дан Хмельницкий (дараҷаи 1) ва медальҳо, инчунин чандин ордену медалҳои мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …