Маълумоти охирин

МОСИ

mosiМОСИ, халқест дар Африкаи Ғарбӣ. Моси бештар аз 50% аҳолии Рес­публикаи Волътаи Болоро ташкил медиҳад. Инчунин дар шимоли Гана зиндагӣ мекунанд. Шумораашон 5,4 млн нафар (1978). Забонашон море буда, ба гурӯҳи забонҳои ғӯр ман­суб аст. Моси тақрибан асрҳои 11—14 давлати Мосиро ташкил намуданд, ки он то охири асри 19 вуҷуд дошт. Аксарияти Моси дину оини анъанавии худро нигоҳ дошта, қисман пайравони динҳои масеҳият ва исломанд. Машғулияти асосиашон — чорводорӣ ва деҳқонӣ.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …