Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ ҚИШЛОҚ

МОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ ҚИШЛОҚ

moshinsoziМОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ ҚИШЛОҚ соҳаи мошинсозӣ, ки бо истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ машғул аст. Таракқии Мошинсозии хоҷагии қишлоқ ба механиконии комплексии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва баланд бардоштани агротехника мусоидат кард. Маҳсулоти асосии Мошинсозии хоҷагии қишлоқ комбайиҳои ғалладарав, картошка, лаблабую силосгундор; ғаллатозакунанда, мошинҳои пахтачин, майдакунандаи ему хошок, боркунакҳои универсалӣ, даравкунакҳо; прицеп, плуг, дискмола, тухмипошак, картошкашинонак, дорупошак, гардпошак ва ғ. мебошанд. Калонтарин корхонаҳои Мошинсозии хоҷагии қишлоқи СССР корхонаҳои Херсон, Таганрог, Гомель, Красноярск, заводҳои комбайнсозии Тӯла, заводи Мошинсозии хоҷагии қишлоқи «Серпимолот»-и Харьков, «Ростсельмаш», «Цели иоградсельмаш», заводи Мошинсозии хоҷагии қишлоқи Люберецку Рязань, заводи култиваторҳои трактории «Красный Аксай»-и Ростов ва ғ. мебошанд, Соли 1979 дар СССР 115 ҳазор комбайни ғалладарав, 7,0 ҳазор комбайни ҷуворимаккағундор, 10,6 ҳазор комбайни лаблабуғундор, 10,0 ҳазор комбайни картошкағундор, 9,1 ҳазор мошини пахтачинӣ, 102 ҳазор алафдаравак ва ғ. истеҳсол карда шуд. Дар Тоҷикистони тореволюционӣ деҳқонон олоти оддитарини хоҷагии қишлоқро ба кор мебурданд. Хоҷагиҳои республика фақат дар солҳои 1928-—29 2410 плуг, 1854 сихмола, 600 тухмипошаки пахта, 15 тухмипошаки ғалладона, 282 култиватор, 144 каландкунакҳо (окучник), 42 мошини ғаллатозакунӣ, 7 мошини ғалладарав ва 621 таҷҳизоти нақлиёт гирифтанд. Комитети революционии республика 16 феврали 1926 оид ба механиконии хоҷагии қишлоқ қарори махсус қабул кард. Дар районҳои гуногуни республика ширкат ва артельҳои кооперативию ҳунармандӣ ташкил гардиданд, ки таҷҳизоти хоҷагии қишлоқро истеҳсол мекарданд. Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар ҳамаи районҳои асосии пахта ва ғаллакорӣ МТС-ҳо ташкил карда шуданд. Соли 1945 дар Тоҷикистон «Устохонаҳои таъмири автомобил» барпо карда шуд. Соли 1971 дар асоси устохонаҳои таъмири автомобил «Тоҷиксельхозтохипка» ташкил гардид, ки ҳоло (аз соли 1976) «Тоҷикгидроагрегат» номида мешавад. Вай барои саноати комбайн гидроавтоматика, системаҳои гидравликии идоракунии рулӣ, регуляторҳои автоматӣ, гидротақсимгаракҳо ва ғ. истеҳсол мекунад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …