Главная / Техника / МОШИНСОЗӢ

МОШИНСОЗӢ

moshinМОШИНСОЗӢ, маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин, ки барои хоҷагии халқ мошин, таҷҳизот, аппарат, асбоб, ашьёҳои маданию маишӣ ва инчунин ба мақсадҳои мудофиавӣ яроқу аслиҳа истеҳсол менамояд. Мошинсозӣ асоси моддии аз техника мусаллаҳшавии тамоми хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, прогресси техникӣ, некӯаҳволии моддии халқ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба дараҷаи тараққиёти Мошинсозӣ вобаста аст. Вазифаи асосии Мошинсозӣ бо мошинҳои пурсамар ва асбобу анҷомҳо таъмин намудани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Мошинсозӣ дар иқтисодиёти мамлакат мавқеи махсусро ишғол менамояд. Мошинсозӣ ҳамчун базаи индустронии социалистии мамлакат имконият фароҳам овард, ки СССР ба яке аз мамлакатҳои мутараққии индустриалӣ табдил ёбад. Ба Мошинсозӣ на танҳо коркарди металлҳо, балки саноати истеҳсоли ашьё ва конструкцияҳои металлӣ, таъмири мошин ва асбобу анҷомҳо низ дохил мешаванд. Дар СССР Мошинсозӣ саноати мошинсозии энергетикӣ, электротехника, дастгоҳ ва асбобу анҷомсозӣ, приборсозӣ, тракторсозӣ, саноати истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва ғ-ро низ дар бар мегирад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии Мошинсозӣ аз ҷиҳати арзиши фонди истеҳсолии асосӣ ва шумораи коргарон дар СССР дар байни дигар саноатҳо ҷои якумро мегирад. Мошинсозӣ ҳамчун соҳаи саноат дар асри 18 ба вуҷуд омада, аввал дар Британияи Кабир. Европаи Ғарбӣ ва баъдтар дар ШMA инкишоф ёфт. Дар Россия нахустин заводҳои Мошинсозӣ дар асри 18 сохта шуда, то Револютсияи Октябрь суст тараққӣ карда буд. Дар Россияи тореволюционӣ миқдори ками автомобилу дастгоҳҳои оҳанбуррӣ истеҳсол шуда, мошинҳои ресмолресӣ, асбобҳо, афзорҳо ва дигар мошинҳоро аз хориҷа меоварданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ саноати Мошинсозӣ хеле тараққӣ кард. Сиёсати индустронии социалист, тараққиёти ҳаматарафаи инкишофёбанда талаботро ба мошин ва таҷҳизот афзун гардонид. Маҳз Мошинсозӣ дар панҷсолаҳои нахустин ва баъдиҷангӣ зуд тараққӣ кард. Мас., агар дар панҷсолаи 1-ум (1929—32) ҳаҷми маҳсулоти умумии саноати СССР 19,2% афзуда бошад, пас дар ин солҳо ҳаҷми маҳсулоти саноати Мошинсозӣ ва коркарди металл 41,3%; дар панҷсолаи дуюм (1933—37) таносубан 17,1% ва 23,1%, дар 3 соли пешазҷангии ва панҷосолаи 3-юм (1938—40) 13,2     ва 20,7% афзуд,

хаҷми маҳсулоти саноати Мошинсозӣ ва коркарди металл соли 1972 нисбат ба 1913 1040 ва нисбат ба 1940 35,1 маротиба афзуд. Соли 1972 маҳсулоти саноати Мошинсозӣ ва коркарди металл дар СССР У ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатиро ташкил мекард. Дар ибтидои соли 1973 хоҷагии халқи СССР дорои 4,08 млн дастгоҳҳои металлбуррӣ, 948 ҳазор мошинҳои пресс (мангана), даҳҳо ҳазор комбайн кони ангишту маъданканӣ, боркунӣ, конвейерҳо, электровозу, 119,2 ҳазор экскаватор, 33,7 ҳазор скрепер, 117,5 ҳазор булдозер, 135,7 ҳазор крани ҳаракаткунанда ва ғ. буд. Дар хоҷагии қишлоқ. 2,11 млн трактор, 656 ҳазор комбайни ғалладарав, 1,23 млн мошини боркаш (ба ғайр аз ташкилотҳои байниколхозии ба хоҷагии қишлоқ алоқанадошта), 1,22 млн тухмипошакҳо ва садҳо ҳазор дигар мошин ва воситаҳои техникӣ буд. СССР аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти саноати Мошинсозӣ ва коркарди металл дар Европа ҷои якум ва дар дуньё ҷои дуюмро ишғол мекунад (1976). То Револютсияи Октябрь дар ҳудуди Тоҷикистон Мошинсозӣ набуд. Якумин заводи Мошинсозӣ—артели «Афзолҳои фулузин серистеъмол» (ҳоло заводи «Мошинҳои тиҷоратӣ») соли 1925 дар ш. Хуҷанд сохта шуд, ки барои корхонаҳои умумӣ ва савдо таҷҳизоти технологӣ, инчунин асбоби рӯзгор мебаровард. Дуюмин заводи Мошинсозӣ заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе мебошад, ки бо қарори КМ ПК Тоҷикистон соли 1930 дар ш. Душанбе сохта ба кор андохта шуд. Заводи Орҷоникидзе барои корхонаҳои нефт, газ ва химия қубурҳои чӯянӣ ва пӯлодӣ, дег, двигатель ва дигар маҳсулоти қимматбаҳо истеҳсол мекунад, ки қариб ба 40 давлати хориҷӣ бароварда мешавад. Соҳаи Мошинсозии республика ҳоло бештар аз 20 корхонаҳои саноатиро дарбар мегирад. Корхонаҳои Мошинсозӣ ва коркарди металли республика зиёда аз 13 соҳа буда, 9,6%-и тамоми маҳсулоти саноатии республикаро медиҳад.

Соҳаҳои асосии саноати Мошинсозӣ республика: мошинҳо барои корхонаҳои саноати сабуку бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли мошинҳои нефту газ, электротехника (трансформатор, кабел ва приборҳо), истеҳсоли мошинҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти серистеъмол (яхдонҳои хонагӣ, ашьёҳои армуғонӣ) ва ғ. Дар Тоҷикистон дастгоҳҳои технологӣ барои саноати сабук, мошинҳои хоҷагии қишлоқ барои обёрии заминҳои нав, агрегатҳои гидравликии комбайнӣ ғалладарави «Колос», «Нива», трансформатор, кабелҳои электрӣ, плита ва дегҳои гуногун барои корхонаҳои хӯроки умумӣ, яхдон (Помир-2, Помир-4, Помир-5, Помир-6) ва ғ. қариб 20 хели маҳсулоти саноати Мошинсозӣ истеҳсол мешавад (1977).

3аводҳои «Гидроагрегат Тоҷикистон»-и Душанбе ва «Мошинҳои хоҷагии қишлоқи Ленинобод» (pайони Нов) ва филиали он дар посёлкаи Маҳрами pайони Конибодом, заводҳои калонтарини Мошинсозии соҳаи хоҷагии қишлоқи республика ба шумор мераванд.

Заводи ««Гидроагрегат Тоҷикистон» соле 12 млн сумина асбобу анҷомҳои комбайн, заводи «Мошинҳои хоҷагии қишлоқи Ленинобод» ва филиали он бошад, соле 15 млн сумина мошинҳои чеканкакунӣ, заҳбӯрканӣ, обёрии мошинӣ ва ғ. мебарорад. Дар солҳои панҷсолаи 10-ум ҳаҷми маҳсулоти заводҳои Мошинсозии хоҷагии қишлоқ ду баробар афзуд.

Дар Тоҷикистон 4 заводи электротехникӣ (заводҳои трансформаторсозии Қӯрғонтеппа, кабелсозии Душанбе, «Асбобҳои равшанндиҳандаи Исфара» (посёлкаи «КИМ»), «Асбобҳои пастшиддати Адрасмон») мавҷуданд, ки трансформаторҳои баландшиддат, пастшиддат, кабел, симҳои гуногуни телефону телеграф, электрӣ, лампочкаҳои электрии гуногун ва ғ. истеҳсол мекунад.

3аводи «Асбобу дастгоҳҳои сохтмон»-и Регар бо маҳсулоти худ ба сабукгардонидани технологияи кори сохтмони республика ёрӣ карда, инчунин барои заводи мошинҳои пахтачинии ш. Тошкент насос мебарорад.

3аводҳои арматурии ба номи Орҷоникидзе, «Аппаратҳои газ»-и Ленинобод заводҳои калонтарини Осиёи Миёна буда, барои тамоми республикаҳои Осиёи Миёна таҷҳизоти газ истеҳсол мекунанд. Саноати Мошинсозии республика асосан дар шаҳрҳои Душанбе (50%). Ленинобод, Конибодом, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ғ. ҷойгир шудааст.

Дар Тоҷикистон бештар аз 15 заводи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ мавҷуд буда онҳо қариб ҳамаи намудҳои мошинҳои хоҷагии қишлоқро таъмир карда, ба колхозу совхозҳо ёрии амалӣ мерасонанд. Дар Душанбе заводи махсусгардонидашудаи «Таъмири экскаватор» кор мекунад, ки дорои таҷҳизоти технологии нав, цехҳои рехтагарии пӯлоду чӯян мебошад. Соҳаи Мошинсозӣ республика нисбатан нав буда, босуръати баланд пеш меравад. Дар  солаи 9-ум ҳаҷми маҳсулоти Мошинсозӣ 64,5% зиёд шуд. Дар панҷсолаи 10-ум аз ҳисоби азнавсозӣ ва такмили техникии заводҳои «Ленинободсельмаш», «Тоҷикгидроагрегат», «Торгмаш», заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе ва ғ. нисбат ба соли 1975 152% зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти Мошинсозӣ пешбинӣ карда шудааст. Саноати Мошинсозии республика дар панҷсолаҳои минбаъда дар асоси сохтмони заводҳои нави подшипниксозӣ, приборсозӣ ва ғ. пеш меравад. Соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ, арматураҳои чӯянӣ барои саноати нефту газ ва химия 2 баробар, таҷҳизоти технологии сонаи дастгоҳсозӣ қариб 3 баробар меафзояд. Пешбинӣ шудааст, ки истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, таҷҳизоти корхонаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, савдо ва ғ. 1,5 баробар зиёд карда шавад.

Ад.: Морозов М. В., Коммунистическая партия Таджикистана в борьбе за создание и развитие машиностроительной промышленности, Д., 1972; Фалилеев М., Талсун Ли, Арматурный завод имени Орджоникидзе, Д.. ,,73. Каримов Р., Фролов В., Дело в люди «Таджиктекстильмаша», 1974

Ш. Бобоҷонов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

samosval

САМОСВАЛ

САМОСВАЛ, мошини худрез, автомобил, присеп ё нимприсепи боркашест, ки худ борашро холӣ мекунад. Самосвал барои …