Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОШИНИ ПАХТАЧИНӢ

МОШИНИ ПАХТАЧИНӢ

pakhtachiniМОШИНИ ПАХТАЧИНӢ, мошинест барои ғунучини пахта. Истеҳсоли сериягии Мошини пахтачинӣ дар СССР солҳои

пневматикӣ (аввалин мошини пневматикӣ дар СССР соли 1929 ихтироъ шудааст), механикӣ, пневмомеханикӣ ва электромеханикӣ мешавад.

Циклограммаи барабани корӣ:

1— минтакаи корӣ 120; 2 — минтақаи пахтакашонӣ 60; 3—минтақае, ки чуткаҳо аз шпинделҳо пахтаро мекашанд 110°; 4—минтақаи озодгардии шпинделҳо 70.

Мошинҳои пневматикӣ пахтаро бо ёрии ҷараёни ҳаво (онро насоси фишордеҳ ҳосил мекунад), механикӣ ба воситаи маҷмӯи механизмҳо (шппндел, чангак, кардолентҳо ва ғ.), пневмомеханикӣ бо ёрии ҷараёни ҳавою механизмҳои ёрирасони механикӣ мечинанд. Дар СССР бештар Мошини пахтачинӣ механикии шпинделдор бароварда мешавад.

Схемаи кори мошини 12 ХВЯ-1,2: 1″ аппарати пахтачинӣ; 2 — пахтакашакҳо; 3 — камераи ҳавогузарон, ки пахтакашакҳо пахтаро ба он ҷо мепартоянд; 4—гулбаи ҳавобаро барои бордони хурд; 5—гулбаи ҳавобаро барои бордони калон; 6—вентилятор; 7 — бордони хурд; 8—бордони калон барои пахтаи тухмӣ.

Қисмҳои кории Мошини пахтачинии механикии шпинделдор аз шпинделҳои устувона ва махрутшакл ё меҳвари дандоннадори призмашакли чорқирра иборат аст. Шпинделҳои Мошини пахтачинӣ дар гирди меҳвари худ давр зада нисбат ба пояи ин ҳоли пахта ҷой иваз мекунад. Мошини пахтачинӣ вобаста ба ҷигирии шпинделҳо горизонталӣ ва вертикалӣ мешаванд. Дар СССР асосан Мошини пахтачинӣ шпинделҳояшон вертикалиро истоҳсол мекунанд. Ҳамаи мошинҳои пахтачинӣ ба тракторҳои «Универсал», Т-28Х-3, Т-28Х-4, МТЗ-50Х, ХВ-5,4 ва ғ. шинонда мешаванд. Дар РСС Тоҷикистон бештар Мошини пахтачинии 14ХВ-2,4А, ХН-3,6, 12ХВЯ-1.2 ва ХВН-1,2А-ро истифода мебаранд. Аксарияти ин мошинҳо аз рӯи сохт ба ҳам монанд буда, дорои аппаратҳои пахтачинӣ, кабинаи ронанда, системаи ҳавокаш, системаи обшӯи шпинделҳо, системаи гидравлики ва ҳаракатгузаронҳои ба рамаи мошин васлшуда мебошанд. Мошини пахтачинӣ дар заминҳои тахту ҳамворӣ дарозиашон аз 500 м зиёд нағз кор мекунад. Пеш аз чиниши мошинии пахта 70—100% барги гузаро мерезонанд (ниг. Баргрезонӣ). Баъди шукуфтани 50—60%-и курак ба пахтачинӣ cap мекунанд (чиниши якум). Аппаратҳои ҳосилғундории Мошини пахтачинӣ аз барабан иборат буда, ҳар кадоме дорои 10—15 шпинделҳоянд. Дар РСС Тоҷикистон асосан барои ҷамъоварии мошиини пахтаи махиннах ва тухмӣ аз Мошини пахтачинии дуқатораи ХВН-1, 2А (ниг. расм) истифода мебаранд.

Мошини пахтачинии мазкур ба ҳама устувор карда шудааст. Пахтаи чидан Мошини пахтачинӣ ба нақлиётҳои беканоркашонандаи пахта холӣ карда мешавад. Бордони Мошини пахтачиниро бо ёрии ду таҷҳизоти гидравликӣ холӣ мекунанд. Сарпӯши бордон даричае дорад, ка агар зарур шавад ба даруни он даромада, тарами пахтаро зер кардан ё бордонро аз ифлосиҳо тоза кардан мумкин аст. Дар сарпӯши бордон, барои аз як қисм хасу хасрезаҳо тоза кардани пахтаи чидашуда сепаратор низ шинонида шудааст. Аппарати пахтачинии Мошини пахтачинии ХВН-1,2А аз блокҳои шпинделии вертикалии 2-қатораи фронталӣ иборат аст. Ҳар як аппарати пахтачинӣ 4 (2-то дар тарафи рост ва 2-то дар чап) барабани шпинделӣ, 4 ҷудогараки чуткадор, 1949 (1—2-қатора), 1964 (4-қатора) ва 1974 (6-қатора) cap шуд. Мошини пахтачинӣ вобаста ба тарзу кори механизмҳо ду камераи қабул, редуктор ва ҳаракатдеҳи барабанҳою ҷудогаракҳо дорад. Ҳангоми дар байни қаторҳои ғӯза ҳаракат кардани Мошини пахтачинӣ ниҳолростгаракҳо шохҳои хобидаро рост намуда, ба тарқиши кории байни барабанҳо равона мекунанд. Даврзании барабанҳо ба чор минтақа тақсим мешавад. Дар минтақаи корӣ шпинделҳо бо дандонаҳои худ пахтаро аз ғӯза то 03—95% (ҷуфти 1-ум

80—85% ва ҷуфти 2-юм 10—13%) чида мегиранд ва дар минтақаи дуюм онро бо чӯткаҳои пахтакаш бурда мерасонад. Дар минтақаи сеюм чӯткаҳо пахтаро аз шпинделҳо ҷудо карда ба камераи қабул мефиристонанд. Минтақаи чорум озодгардии шпинделҳо мебошад, ки ҷамъи ин минтақаҳоро циклограммаи барабани корӣ меноманд.

Пахта аз камераи қабул бо фишори вентилиторҳо ба бордон рафта мерезад (пахта пеш аз ба бордон рехтан аз пахтатозакунакҳо гузашта, қисман тона мешавад). Дар РСС Тоҷикистон бештар аз 30%-и пахтазор барои тухмӣ киштшуда, ҳосили он дастӣ чида мешавад. Ҳангоми бо мошин чидани пахта аз таъсири вентиляторҳо 1,5—2 ва дар камераи қабул 0,3% пунбадонаҳо шикаста, сифати тухмӣ паст мешавад. Бо мақсади безарар ва хушсифат чидани пахтаи тухмӣ Институти механикӣ ва электриконии Осиёи Миёна Мошини пахтачинии нав 12ХВЯ-1,2-ро ихтироъ кард.

Дар мошини номбурда барои нашикастани чигити тухмӣ системаи махсус истифода шудааст, ки ба воситаи он пахтаи чидашуда берун аз вентиляторҳо ба бордонҳо дохил мешавад. Ғaйp аз он камераи пахтақабулкунии он аз ду қисм иборат буда, ба қабати поён пахтаи тухмӣ ва ба қабати боло пахтаи истеҳсолиро ҷамъ мекунад. Сифати пахтаи тухмии бо Мошинаи пахтачинӣ чидашуда аз пахтаи дастӣ чидашуда фарқ намекунад. Дарозии мошин якҷоя бо трактор 0150 мм, бараш 2970 мм ва баландиаш 3800 мм. Дар чиниши якум бо суръати соате 3,86 км ва дар чиниши дуюм 5,2 км кор мекунад. Маҳсулнокии Мошинаи пахтачинӣ бо суръатнокӣ, паҳноии коркард, фоизи пахтаҳои шукуфта ва ғ. вобаста буда, бо ҳисоби миёна чиниши якум ба 0,46—0,50 ва чиниши дуюм ба 0,7 км/с баробар аст. Мошинаи пахтачиниро механикронанда идора мекунад.

Ад.: Роҳҳои баланд бардоштани маҳсулнокии Moшинҳои пахтачинӣ. Д., 1971; Дуруст истифода бурдани мошинҳои нави пахтачинӣ, Д., 1975; Навесная четырехрядная хлопкоуборочная машина ХН-3.6. Руководство по эксплуатации. М.. 1972.

А. Сабиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …