Главная / Техника / МОШИНИ КАФШЁР

МОШИНИ КАФШЁР

kafsherМОШИНИ КАФШЁР, мошинест, ки бо он деталҳоро механикӣ ё автоматӣ кафшер мекунанд. Вобаста ба тарзҳоӣ кафшер навъҳои гуногуни Мошини кафшер мавҷуданд. Мошини кафшери газиро, ки одатан горелкаҳои фаврон дорад, барои кафшер кардани гулбаҳои тунукдевор истифода мебаранд. Бо Мошини кафшери газопрессӣ дарзи кафшершавандаро cap то по то ҳарорати кафшерӣ тафсонда, баъд заготовкаро болои дарзи тафсон мешинонанд. Бо Мошини кафшери тамосӣ (контактӣ) маснуоти кафшершавандаро нуқта-нуқта кафшер мекунанд, ки ин навъи кафшер бештар пурсамар аст. Дарзи Мошини кафшери дарзбанд ё роликдор, ки электродҳояш роликшакланд, бефосила ва зичу мустаҳкаманд.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

samosval

САМОСВАЛ

САМОСВАЛ, мошини худрез, автомобил, присеп ё нимприсепи боркашест, ки худ борашро холӣ мекунад. Самосвал барои …