Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ДӮЗАНДАГӢ

МОШИНИ ДӮЗАНДАГӢ

moshini-duzandagiМОШИНИ ДӮЗАНДАГӢ, мошинест барои ба ҳам пайвастан ё оро додани ҷузъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ. Мошини даравро дар саноати дӯзандагӣ, трикотаж, пойафзол, чарчинворӣ ва ғ., инчунин дар рӯзгор истифода ме­баранд. Конструкцияи Мошини дарав вобаста ба таъиноташ гуногун меша­вад. Мошини дарав нимаи дуюми асри 18 ихтироъ шудааст. Мошинҳои дӯзандагии ҳозира аз рӯи вазифа мошинҳои лагандакунанда, кукзананда, кукашон ноаён, тугмаашон, инчунин универ­салӣ ва махсус мешаванд. Вобаста ба намуди гиреҳи ресмон дар лаганда ду гурӯҳи Мошини дарав мавҷуданд: мошинхое, ки дар бахия бо брии моку кук мекунанд ва мошинҳое, ки кукашон дар бахия занҷиршакл аст (куки онҳо бе ёрии моку ҳосил ме­шавад). Аз мошинҳои дӯзандагии универсалӣ Мошини дарави лагандакунандаи кукаш мокугии яксӯзана маълум аст, ки элементҳои асосии онро ме­ханизмҳои сӯзан, ресмонкашак, мо­ку ва ҳаракатдиҳандаи матоъ (ма тоъкашак) ташкил мекунанд. Механизми сӯзан рафтуомади сӯзан (ки ба сӯрохи он ресмон гузаронда шудааст) ва ба он сӯрох шудани матоъ, аз қабати матоъ гузаштани ресмони боло ва дар назди сӯрохи сӯзан ҳосил шудани гиреҳро таъмин мекунад. Бо ёрии механизми моку трех ба гӯшаки моку илҳоқ мешавад ва дар атрофи найчадорак мепечад. Механизми ресмонкашак аз ғалтак ва аз найча ресмонро кашида меистад ва кукро мебандад. Механизми ҳаракатдиҳандаи матоъ бошад, матоъро ба қади як кук пеш мебарад. Сипас, ҳамин процесс такрор меёбад. Ҳаракати ҳамаи ин механизмҳо тавассути наварди асосӣ, ки бо ёрии ҳаракатовари электрӣ ё механикӣ чарх мезанад, ба амал оварда мешавад. Сохт, шакл, андозаҳо, суръати корӣ ва дигар хусусиятҳои Мошини дӯзандагӣ бо таъинот, андозаҳои маснуот, хусусияту ғафсии масолеҳ ва ғ. муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …