Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ДАРАВ

МОШИНИ ДАРАВ

moshini-daraviМОШИНИ ДАРАВ, мошинест ба­рои даравидан, ғун кардан ва кашондани зироати хоҷагии қишлоқ оид ба Мошини дарав дар осори Плиний (асри 1м.) маълумот ҳаст. Такмилу коркарди сохти ҳозираи Мошини дарав ба асри 17 мансуб аст. Назар ба маълумоти акад. В. Ф. Зуев Мошини даравро соли 1781 яроқсозӣ тулагӣ бо ёрии ихтироъ кардааст. Соли 1833 Жиголов «мошини хушадарав»-ро ихтироъ кард, ки хеле машҳур шуда буд. Дар аввали асри 19 Мошини дарав дар Англия ва ШМА пайдо шуд. Ҳoло дар СССР (аз ҷум­ла РСС Тоҷикистон) Мошини дарави ЖВН-6, ЖВН- 10, ЖРС-4.9А, ЖНУ-4,0, ЖУС-4,2, ЖНТ-2,1, ЖРБ-4,2, ки зироатро якбора даравида ҷамъ ва гарам менамоянд, истеҳсол ва истифода мешаванд. Мошинаи дарав аз рӯи сохт ва тарзи кор ба Мошинаи дарави гарампарто ва комбайнӣ ҷудо мешаванд.

Мошини дарави к о м б а й н ӣ платформадор (барои ҷамъоварии ғалладона) ва шнекдор (барои ҷамъоварии зироати баландпоя) мешавад.

Платформаи Мошини дарави платформадор бо таҳвилнавори тасмагӣ ё тахтазанҷир ҷиҳозонида мешавад. Дар Мошини дарави шнекдор (расми 1) роли таҳвилнаворро шнек иҷро менамояд. Дари ҳаман комбайнҳои ғаллағундор бо Мошини дарави шнекдор ҷиҳозонида шуда­анд. Мошини дарав шнекдори комбайнро инчунин барои ғунучини лубиёиҳо, калакунҷид, лупил, алафҳои даравидашуда ва ғ. низ ҷиҳозонидан мумкин аст.

Мошини дарави гарампарто овеза (расми 2) ва ядаки (расми 3) меша­вад. Мошини дарави овеза ҳангоми кор ба олати махсуси лыжашакле такья ме­кунад, ки вай дар роҳҳои гуногун мӯътадил ҳаракат намудани мошин ва баландии муайяни даравро таъ-мин менамояд. Таъинот, кор ва сохти қисмҳои асосии кории Моишни дарви комбайнӣ ва гарампарто як хел аст. Онҳо танҳо аз рӯи сохти зоҳирӣ ва қисмҳои боркаш фарқ мекунанд. Қисмҳои асосии корӣ: тақсимгарак, аппарати буранда, чарх ва таҳвилнаворҳоанд. Тақсимгараки Мошини да барои дарави растаниҳои ростпоя ва хобида мувофиқ карда шудааст.

Мошини дарав барои ғундоштани зироати ростпоя бо тақсимгаракҳои фонашакл ва барои ғундоштани зироатҳои хобида бо тақсимгаракҳои симтанобӣ ҷиҳозонида мешаванд.

Асбоби бурандаи Мошини дарав пояро мис­ли микроз мебурад. Қисми беҳарака­ти асбоби буранда аз панҷаҳои пӯлодин ё чӯянин ва қисми мутаҳаррики он бошад, аз корд, бандҳои тра­пеция шакл иборат аст. Кордҳо ҳаракат карда пояро мебуранд ва поябардоракҳо (лифтёрҳо) бошанд, пояҳои хобидаро рост мекунанд.

Чархе, ки дар аксари Мошинаи дарав истифода мешавад, барои пояро ба асбоби буранда наздик овардан, ҳангоми буриш дошта истодан, тоза кардани асбоби буранда ва ба платформа партофтани поя хизмат мерасонад. Барои ғундоштани растаниҳои рост­поя чархи паррадорро истифода мебаранд. Ҳангоми бо суръати 10 км/с кор кардан чархи Мошини даравро ҷудо кар­да ба ҷои он симтаноб мекашанд. Пояҳои буридашуда ба симтаноб бархӯрда баъд ба таҳвилнавор меафтанд. Барои ғунучини пояҳои хоби­да Мошини дарави чархаш хаскашакшакли эксцентрикиро истифода мебаранд. Шнек ва таҳвил ва борҳои катонию тасмагӣ қисмҳои боркаши Мошини дарав ме­бошанд. Дар қисми мобайнии шнек механизми дандонадор ҳаст, ки вай пояҳои буридашударо ба таҳвилна­ворӣ моил мепартояд. Таҳвилнавори моил пояҳои зироатро ба асри каме­ра ғун карда, ба воситаи ҳамвории моил боло медиҳад. Таҳвилнаворҳои ғайрикатониро бештар истифода мебаранд. Ҳолати кории қисмҳои Мошини даравро ба таври механикӣ, гидравликӣ ба танзим медароранд. Дар СССР соре бештар аз 50 ҳазор Мошини дарави гарампарто ва 125 ҳазор Мошини дарави комбайнӣ истеҳ­сол мекунанд.

Ад.: Изаксон X. И., Самоходные комбайны СК-3 и СИ-4, М., 1963; Спра­вочник конструктора сельскохозяйствен­ных машин, т. 2, 1967; Карпенко А. Н., 3еленев А. А., Сельскохозяй­ственные машины. М., 1968.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …