Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ БУҒӢ

МОШИНИ БУҒӢ

moshini-bugiМОШИНИ БУҒӢ, муҳаррики ҳароратии поршениест, ки энергияи потенциалии буғи обро ба кори меха­никӣ табдил медиҳад. Буғи ба цилиндри Мошини буғӣ дохилшуда васеъ ме­шавад ва поршенро тела медиҳад. Ҳаракати пешраванда-баргардандаи поршень тавассути механизми кривошипӣ ба ҳаракати чархзанандаи навард табил меёбад (расм). Барои камтар талаф шудани гармӣ цилиндрҳои Мошини буғӣ бо буғкурта иҳота карда мешаванд. Даромаду баромадн буғро системаи буғтаксимкунак идора мекунад. Мошини буғӣро дар Россия И. И. Ползунов (1763—65), дар Англия Ч. Уагг (1774—84) ихтироъ кардаанд. Мошини буғӣ баробари буньёди Мошини буғии стационарӣ (барои заводу фабрикаҳо ва стансияҳои электрӣ), Мошини буғии паровоз (барои нақлиёти роҳи оҳан), Мошини буғии киштӣ (барои киштиҳои тиҷорат ва ҳарбӣ), локомобилҳо (барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ ва саноати маҳаллӣ) инкишоф ёфт. Мошини буғӣ то охири асри 19 ягона муҳаррики универсалӣ буд ва барои тараққиёти саноату нақлиёт дар ҷаҳон хизмати калон кард. Аммо аз ибтидои асри 20 турбинаҳои буғӣ ва муҳароикҳои да­рунсӯз тадриҷан ҷои Мошини буғиро гириф­танд. Бо сабаби он, ки Мошини буғӣ к. а. м.-и хурд (аз 1 то 20%), суръати на­ми гашт (то 1000 гард/дақ) ва иқтидори агрегатии хурд (то 30000 д. а.), инчунин масса ва андозаҳои азим доштанд, дар солҳои 50 асри 20 истеҳсоли онҳо қатъ ёфт. Алҳол Мошини буғӣ фақат дар паровозҳо, локомобилҳо ва баъзе пароходҳои кӯҳӣ а истифода мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …