Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОШБИРИНҶ

МОШБИРИНҶ

moshbirinМОШБИРИНҶ, як навъ таоми миллӣ. Аввал гӯшт, баъд пиёзи резаро дар равған то сурх шудан бирьён мекунанд. Сипас об андохта чанд дақиқа меҷӯшонанд. Мошро тоза карда, нағз мешӯянду ба дег андох­та, 30—40 дақиқа меҷӯшонанд. Баъд биринҷро низ шӯста ба он илова менамоянд ва дар оташи паст меҷӯшонанд, 10—15 дақиқа пеш аз пухтан намак ва зира меандозанд. Таоми тайёршударо ба косаҳо мекашанд. Ба он ҷурғот ҳам андохтан мумкин аст. Мошбиринҷро бо шир низ мепазанд, вале дар он сурат равған ҳамроҳ намекунанд.

Ад.: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Д., 1967.

М. Ҳомидҷонова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …