Маълумоти охирин

МОШ

moshМОШ (Phaseolus aureus), гиёҳи яксолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш 15—50 см; пояи рост ё печанда, барги калон (дарозиаш 20—26 см), гули бунафш, ғилофаки сертухм, дони мудаввари сабз дорад. Моҳҳои июнь — сентябр гулу мева мекунад. Мош дар тропика ва суптропика зироати маъмул аст. Дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар Тоҷикистон Мошро аз замонҳои қадим кишт мекунанд.

Дар Тоҷикистон асосан навъҳои маҳаллии Мошро кишт мекунанд; онҳо ба гурӯҳи навъҳои майдаҳои (1000 донааш 30—40 г) дохил мешаванд. Даври нашъи онҳо 80—120 рӯз аст. Аз навъҳои селекционӣ навъи «Тоҷикистон-1» маъмул шу­дааст. Мошро асосан барои донаш мекоранд. Аз он таомҳои болаззат (мошоба, кичирӣ, мошпалав, мошбиринҷ, мошатола) мепазанд. Таоми мошдор серғизо, хуштаъм ва хушмаза аст. Дони Мош 18,7—31,6% сафеда, 0,8—2% равған, 50—56% оҳару қанд дорад. Ғилофак (кусак)-и хоми онро чун сабзавот мехӯранд. Хошоки Мош хӯроки хуби чорвост.

Ад.: Қосимов Н. К. ва дигарон, Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975; Флора Тад­жикской ССР, т. 5, Л., 1978.

А. Р. Расулова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …