Маълумоти охирин

МОРЗЕ

morzeМОРЗЕ (Morse) Сэмюэл Финли Бриз (27. 4. 1791, Чарлстаун — 2. 4. 1872, Ню-Йорк), рассом ва ихтироъкори америкоӣ. Яке аз муассисон ва аввалин президенти Академияи миллии мусаввара дар Нью-Йорк (1826— 45). Морзе соли 1837 аппарати телеграфии электромагнитиро ихтироъ кард. Соли 1838 барои аппарат мазкур коди телеграфиеро ба вуҷуд овард, ки код ё алифбои Морзо ном гирифт (ҳоло ҳам истифода мешавад). Аппарати Морзе бори аввал (1844) дар хати телеграфии тиҷоратии Вашингтон Балтимор ба кор бурда шуд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …