Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРЁНО

МОРЁНО

moryonoМОРЁНО (Moreno) Якоб Ҳзкоб Леви (20. 5. 1892, Бухарест —1975), психолог ва психиатр, асосгузори социометрия. Университети Венаро хатм кардааст. Асосгузор ва сардухтури клиникаи Бикон-Хилль (ҳоло санаторияи Морено), таъсискунандаи ж. «Sociometry» (1937) ва «International Journal of Sociometry» (1956), Институти социометрия ва психодрама (1940; Институти Морено), проффесори Университети Нью-Йорк (1951—66). Мореллӣ дар асоси психоанализ ва гештальтпсихология муносибати психологии байни одамонро дар гурӯҳҳои хурд омӯхтааст. Ба қавли Морёно ғайри макроструктураи ҷамъият боз микроструктураи дохилӣ вуҷуд дорад. Ин микроструктура дар натиҷаи майлу рағбати фардӣ амил меояд. Морёно барои омӯзиши макроструктураи мазкур тадқиқоти социомотриро пешниҳод намудааст. Натиҷаҳои он ба тарзи графикӣ (гоциограмма) тагами шуда, дар бораи муносибатҳои гурӯҳ тасаввуроти кофӣ медиҳанд. Ҳангоми мутобиқат накардани таркиби берунию дарунии гурӯҳ асабонияту зиддият ба амал меояд. Барои муайян кардан ва табобати онҳо Морёно психодрама аз социодрамаро (ниг. Социометрия) пешниҳод намуд, ки дар психология аз психиатрияи иҷтимоӣ васеъ истифида мешаванд. Татбиқи методҳои социомотрия боиси баландшавии ҳосилнокии меҳнат, паст шудани низоъ, муолиҷаи асабоният мегарданд. Аммо Морёно дар хулосаҳои назариявиаш мақоми муносибатҳои психологиро мутлақ гардонида, хулосаҳои доир ба гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ ба даст омадаро беасос ба тамоми ҷамъаат истифода менамояд. Даъвоҳои Морёно дар бобати бартараф кардани нуқсонҳои капитализм хаёлианд, асро хусусияти объективии антагонизмҳои ҷамъияти капиталистиро ба инобат намегирад.

Ас.: Соиномотрип. Экспориж Нтальвы П. Метод и науки об общоство, М., 1938.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …