Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРОЗЁНКО Николай Константинович

МОРОЗЁНКО Николай Константинович

nophoto-manМОРОЗЁНКО Николай Константинович (1902 — 5. 8. 1967, Ленинград), геологи советӣ, доктори илмҳои геологияю минералогия (1949). Соли 1932 Институти кӯҳкории Ленинградро хатм намуд. Ӯ дар давоми 30 сол дар Олтой, Помир ва Тоҷикистони Марказӣ тадқиқот бурдааст. Солҳои 1941—45 роҳбари экспедицияи ҷустучӯи булури кӯҳӣ дар Помир буд. Аз соли 1946 ходими илмӣ ва сонитар мудири шӯъбаи металлогенияи Институти умумиттифоқии тадқиқоти илмии геологияи ш. Ленинград, солҳои 1962 67 — мудири кафедраи усулҳои геохимиявии ҷустуҷӯи конҳои родиоактивии Институти кӯҳкории Ленинград. Мормоҳӣ, яке аз аввалин тадқиқотчиёни магматизм ва металлогенияи Помир буд. Оид ба геологияи Помир ва Тоҷикистони Марказӣ як монография, 8 мақола ва якчанд ҳисобот навиштааст. Ӯ хусусиятҳои ҷинсҳои магмавии Помир ва конҳои бо он алоқамандро тасвир карда, якумин схемаи ноҳиябандии металлогении Hoмиро тартиб додааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медальҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Интрузивные и хрусталеносные жилы Памира. М.— Л., 1949; Магматизм Памира, дар кит.: Геологическое строение СССР, т. 3., М., 1968.

Р. Баротов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …