Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОРОЗОВ Павлик

МОРОЗОВ Павлик

morozov-pavlikМОРОЗОВ Павлик (Павел Трофимович; 14. 11. 1918, деҳаи Герасимовкаи pайони Тайдан вилояти Свердлови ҳозира — 3. 9. 1932, ҳамон ҷо),. пионер, иштирокчии муборизаи зидди кулакҳо дар давраи коллективонии хоҷагии қишлоқи СССР. Аз оилаи деҳқони камбағал. Ташкилотчӣ ва раиси аввалин отряди пионерӣ дар деҳаи Герасимовна буд, ки пионерони он ҳангоми ташвиқот барои барпо намудани колхоз ба коммунистон ёрӣ расонда, кирдорҳои душманонаи кулякҳоро фош мекарданд. Морозов аз дасти кулакҳо ваҳшиёна кушта шуд. Ба колхози Герасимовна ва як қатор колхозҳо, мактабҳо, дружинаҳои пионерӣ номи Морозов дода шудааст. Номи Морозов дар Китоби фахрии Ташкилоти умумииттифоқии пионерии ба номи В. И. Ленин (3 ноябри 1955) аввалин шуда сабт гардидааст. Ба хотираи Морозов дар Москва (1948), деҳаи Герасимовна (1954) ва Свердлов (1957) ҳайкалҳои ёдгорӣ гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …