Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОРОЗОВ Николай Александрович

МОРОЗОВ Николай Александрович

morozov-nikolayМОРОЗОВ Николай Александрович (7. 7. 1854, Борок, ҳозира райони Некоузски вилояти Ярославль — 30. 7. 1946, ҳамон ҷо), ходими революционӣ ва ҷамъиятии рус, олим, нависанда. Аъзои фахрии АФ СССР (1952).

Фаъолияти революциониаш аз солҳои 70 асри 19 cap шуд. Соли 1874 дар Женева муҳаррири ж. «Работник» буд. Соли 1875 ба секцияи Коммунаи Парижи Интернационали 1-ум дохил гардид. Ҳамон сол ҳангоми ба Россия баргаштан ба ҳабс гирифта, дар «мурофиаи 193 нафар» суд шуд. Соли 1878 ба ҷамъияти «Замин ва озодӣ» ва 1879 ба Комиҷроияи «Озодии халқ» аъзо гардид. Декабри хамон сол дар Лондон бо К. Маркс шинос шуд. Соли 1881 ба Россия баргашт, дар «мурофиаи 20 нафар» (1882) ба бадарғаи бемӯҳлат ҳукм шуд. Соли 1905 аз ҳабс озод гардид. Дар ҳабсхона ба омӯхтани илмҳои химия, физика, астрономия, математика, таърих машғул гардид. Муаллифи як қатор асарҳо оид ба химия, астрономия, математика, метеорология. Ёддоштҳои «Повести ҳаёти ман»-и ӯ (ҷ 1—4,1916—18) барои омӯхтани таърихи халқчигӣ манбаи муҳим аст. Аз соли 1918 то охири ҳаёташ директори Институти илмии табиатшиносии ба номи Лесгафт буд. Бо ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудаacт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …