Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОРОЗОВ Михаил Владимирович

МОРОЗОВ Михаил Владимирович

morozov-mikhailМОРОЗОВ Михаил Владимирович (1868, ш. Балта —1938, Москва), революционери касбӣ, иштирокчии ҳаракати революционии Туркистон. Аъзои Партияи коммунистӣ (аз соли 1901). Соли 1888 мактаби реалии Одессаро хатм намуда, дар ҳаракати революционии Петербург иштирок кард. Барои фаъолияти революциониаш аввал ба Одесса ва баъд ба Сибирь бадарға шуд. Аз соли 1900 дар Саратов, Николаев, Боку корҳои революционӣ бурд. Соли 1904 ба Самарқанд омада, дар редакцияи г. «Самарқанд» кор кард ва муҳаррири он ҳам шуд. Ташкилоти с.-д. барпо намуд. Соли 1905 ба намоишу митингҳои коргарон роҳбарӣ кард. Ноябри 1905 дар ҳаракати революционии Тошкент иштирок намуд. Аз январи 1906 муҳаррири г. «Русский Туркестан». Баъдтар роҳбари гурӯҳи тошкентии РСДРП ва ташкилотҳои с.-д.-и Туркистон. Вакили Съезди 4-уми РСДРП. Аз соли 1908 дар Петербург ва аз 1910 дар Франция зиндагӣ ва таҳти роҳбарии В. И. Ленин дар секцияи РСДРП кор кард. Августи 1917 ба Петроград баргашта, дар Револютсияи Октябрь иштирок намуд. Баъди революция дар корҳои масъули хоҷагӣ буд. Солҳои 1929—30 раиси Иттифоқи революционии драматургон, 1930—32 ноиб-президенти Академияи бадеии умумироссиягӣ, 1932—36 муҳаррири журналҳои санъат.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …