Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРОЧНИК Самуил Борисович

МОРОЧНИК Самуил Борисович

nophoto-manМОРОЧНИК Самуил Борисович (таваллуд 1. 12. 1909, Одесса —15. 1.1981, Душанбе), файласуфи советӣ, доктори илмҳои фалсафа (1970; профессор 1971), Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон. (1980). Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1933 Институти давлатии педагогии Одессаро хатм намудааст. Солҳои 1933—41 муаллими Университети Одесса, 1941 инститии педагогии Астрахань. Аз охири соли 1942 дар Тоҷикистон кор мекард. Солҳои 1943—44 доценти Институти давлатии педагогии Ленинобод ва мудири кафедраи марксизм-ленинизми Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1951—57 доценти кафедраи фалсафаи Мактаби партиявии республикавӣ дар назди КМ ПК Тоҷикистон., 1957—65 аввал доцент ва баъд мудири кафедраи фалсафаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон. Аз соли 1965 дар АФ РСС Тоҷикистон. Аввал ба сифати мудири кафедраи фалсафа ва баъд ҳамчун профессори кафедраи мазкур кор мекард. Зиёда аз 30 рисолаю мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар асарҳои Морочник асосан масъалаҳои таърихи фалсафа ва фалсафаи табиатшиносӣ тадқиқ шудаанд.

Ас.: Философские взгляды Омара Хайяма, Сталинабад, 1952; Диалектический материализм о возможности и действительности, Сталинабад, 1957; Диалектический материализм. Очерки по марксистской философии для медицинских институтов, Д., 1963; Диалектический материализм и медико-биологические науки, Д., 1969; Диалектический материализм. Философские очерки для врачей и биологов, ч. 1, 2, 3, Д., 1975.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …