Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРИ ЧИПОР

МОРИ ЧИПОР

mori-chiporМОРИ ЧИПОР (Coluber), як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Colubridae мансуб аст. Дар Европаи Ғарбӣ, Осиё, Африкаи Шимолӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ ва Марказӣ қариб 30 намудаш зиндагӣ мекунад. Дар СССР 7 намуди он дар қисми ҷануби Европа Қрим ва қисми асосии Кавказ), Осиёи Миёна ва Қазоқистон маскун шудааст. Дар Тоҷикистон 4 намудаш аст: Мори чипори кундаланграх (С. karelini), сурхрах (С. rhodorhachis; ниг. расм), гуногунранг (С. raverdieri) ва холдор (С. tyria). Мори чипори кундаланграх мори хеле борик (дарозиаш 65—70 см) буда, дар регзорҳои ноҳамвор, инчунин дар ҷойҳои гилноку шӯрзамин, янтоқзор ва ғ., Мори чипори сурхрах (дарозиаш 60—90 см) дар нишебиҳои санглохи дараҳо, шгета ва токзорҳо, Мори чипори гуногунранг (дарозиаш 60—140 см) бештар дар нишебиҳои буттазори доманакӯҳҳо, назди ҷӯйбори кӯҳна, боғу харобазорҳо ва Мори чипори холдор (дарозиаш 80—140 см) дар биёбонҳои регзор зиндагӣ мекунанд. Мори чипори гуногунранг дар Тоҷикистони Ҷанубӣ Ғapбӣ, Марказӣ ва Шимолӣ паҳн гаштааст. Мори чипор аз хоби зимистони моҳҳои март — апрел бедор мешавад. Дар мавсими гарми сол то сентябр фаъол аст. Хӯрокаш асосаи холидаю паррандаҳои хурд ва калтакалос мебошад. Ҳамаи морҳои чипор тухмгузоранд. Тухмгузорӣ моҳҳои июнь — июль давом мекунад. Мори чипори модина то 25 тухм мегузорад. Мори чипор барои одам безарар аст.

Ад.: Черпов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся Д., 1959.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …