Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРХУР

МОРХУР

morkhurМОРХУР, бузи кӯҳӣ, бузи пармашоҳ (Capra (Orthaegoceros) falconeri), ҳайвони ҷуфтсуми ва шинест аз ҷин­си вуз. Дар РСС Тоҷикистон як зернамуди Морхур (С. f. heptneri) маълум аст. Морхур калонҷусса, дарозиаш 175—190 см ва қадаш 90—115 см, пойҳои дарози пурқувват, шохи калону вазнини пармашакл дорад. Вазни Морхури нар 86—109 кг ва модааш 32—41 кг. Морхури нар «риш»-и дароз (то 30 см) до­рад. Зимистон пашмаш дарози зичу маҳин ва тобистон кӯтоҳи нисбатан тунук. Рангаш буртоби малла, бӯртобн ашхабӣ ё хокистарранги сафед мешавад. Аз 3-солагӣ насл медиҳад. Даври ҳамлаш 5—5,5 моҳ. Моҳҳои апрел ё июнь 1—2-то мезояд. Морхур ҳайвони мавзеъҳои кӯҳсор буда, асосан дар баландиҳои то 2500 м аз соҳили баҳр ғала-ғала (аз 10 то 30 cap) дучор мешавад. Хӯрокаш алаф ва баргу шохчаи буттаю дарахт. Морхур асосан дар Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон вомехурад. Дар СССР, аз ҷумла РСС Тоҷикистон асосан дар ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазрати шоҳ, Сарсарак, Санглох дучор меша­вад, ки саршумори он аз 1000 cap зиёд нест (1977). Морхурро барои гӯшту пӯсташ шикор мекунанд. Номи Морхур ҳамчун ҳайвони камшумору нодир дар «Китоби сурх»-и байналхалқӣ ва

«Китоби сурх»-и СССР сабт шуда­аст. Шикори Морхур манъ аст. Соли 1972 қарор карда шуд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади муҳофизати Морхур гурук, (эаказник)-и Даштиҷум (50 ҳазор га) ташкил карда шавад.

Ад.: Жизнь животных. Млекопитаю­щие или звери, т. 6, М., 1971; Сапож­ников Г. Н., Дикие копытные Таджи­кистана, дар мачм.: «Редкие млекопита­ющие фауны СССР», М., 1976.

Г. В. Сапожников.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …