Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРГЕНСТЬЕРНЕ

МОРГЕНСТЬЕРНЕ

nophoto-manМОРГЕНСТЬЕРНЕ (Morgen 8 ti erne) Георг (1891 — 3. 3. 1978, Осло), шарқшиноси норвег, профессор. Асосан забонҳои помирӣ, дардӣ, кофирӣ, бурушаскиро тадқиқ кардааст. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад. «Забонҳои ҳиндуэронии кишварҳои ҳамҳудуд (силсилаи мақолаҳо иборат аз 5 ҷилд), «Луғати этимологии забонҳои гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ» (1974) асарҳои машҳури Моргенстьерне мебошанд. Моргенстьерне аввалин бор мавқеи забонҳои кофириро дар доираи забонҳои ҳиндуевропоӣ муайян намуд. Дар байни таълифоти Моргенстьерне роҷеъ ба забони дардӣ асари сеҷилдаи ӯ доир ба забони пашаӣ аҳамияти махсус дорад. Баъзе тадқиқоташ ба забони пушту ва масъалаҳои лаҳҷашиносӣ, инчунин ба забонҳои қадими эронӣ оид аст: «Луғати этимологии пушту» (1924), «Орфография ва системаи фонетикии забони авестоӣ» ва ғ. Моргенстьерне президенти Академияи Норвегия, аъзои академияҳои Британия, Франция, Эрон, Афғонистон, президенти Ассоциацияи байналхалқии шарқшиносон буд. Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Моргенстьерне ба ташкилоти байналхалқии наҷоти гурезагон аз таъқиботи фашизм сарварӣ намуда аст.

Х.Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …