Маълумоти охирин

МОРГАН

hant-morganМОРГАН (Morgan’» Томас. Хант (25, 9, 1866, Лексингтон, Кентукки —411 1945, Пасадена, Калифорния), биологи америкоӣ, яке аз асосгузорони генетика, ва президенти АФ миллии ШМА (1927— 31). Солҳои 1891—1904 профессори коллеҷи занона дар Брин-Море, 1904—28 профессори Университети Колумбия дар Нью-Йорк ва 1928—-45 роҳбари лабораторияи биологии Ннститути технологии Пасадена. Морган дар соҳаи эмбриологияи таҷрибавӣ, регенерация ва муайянкунии ҷинси ҳайвонҳо тадқиқот бурдааст. Соли 1910 аз насл ба насл гузаштани мутацияҳо (тағйирёбии ташкилаҳои иpcии материяи зинда)-ро дар магасаки дрозофил омӯхта (якҷоя бо А. Отёртеваит, Г. Мёллер ва К. Брачес), тасаввуротро оид ба асосҳои материалии ирсият (табиати корпускулярии ген, ҷойгиршавии хаттии онҳо дар хромосомаҳо, қонуниятҳои тағйирпазирии мутационии генҳо ва ғ.) асоснок намуд. Дар асоси ин тасаввурот назарияи хромосомии ирсияг ба андозае анҷом дода шуд ва исбот гардид. Қонуниятҳои пайвастшавии генҳо ва кроссивговер (онро баъзан қонуни Морган ё морганизм меноманд), ки Морган ва ҳамкорони ӯ тадқиқ карданд, механизми цитологии қонунҳои Мендельро пурра маънидод карданд ва ба тадқиқи асосҳои генетикии назарияи илтиҳоби табиӣ такон доданд. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1933). Аъзои фахрии АФ СССР (1932).

Ав.: Структурные основы наследствен-п°сти, м., 1037.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …