Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИҲО

МОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИҲО

morfologiyai-rastanihoМОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИҲО, фитоморфология, яке аз фаслҳои муҳими илми ботаника буда, қонунияти сохт ва процессҳои ташаккули растаниҳоро дар ҷараёни инкишофи фардӣ ва таърихии эволюционӣ меомӯзад. Ба қадри инкишофи таърихии Морфорлогияи растаниҳо аз он анатомияи растаниҳо, омбриологияи расганиҳо ва цитология чун фанҳои мус­тақил ҷудо шуданд. Муайян кардани гуногунии растаниҳо дар табиат, омӯзиши қонунияти сохту ҷойгиршавии узиҳо ва системаҳои онҳо, тадқиқи тағйири сохти умумӣ ва узвҳои алоҳида ҳангоми инкишофи фардии растаниҳо (онтоморфогеиез), аниқ намудани пайдоиши узви растанй дар продесси эволюция (филоморфогеноз), омӯзиши таъсири омилҳои гуногуни берунӣ ва дохилӣ ба шаклгирии растаниҳо ва ғ. проб­лемаҳои асосии Морфорлогияи растаниҳо мебошанд

Дар морфологияи назариявии рас­таниҳо ду тарзи ба ҳам алоқаманди тавсифи маълумоти морфологӣ вуҷуд дорад: ошкор намудани сабабҳои пайдоиши ин ё он шаклҳои растанӣ (аз нуқтаи назари омилҳое, ки бевосита ба морфогенез таъсир мерасонанд) ва муайян намудани аҳамияти биологии онҳо барои фаъолияти ҳаётии растанӣ (аз нуқтаи назари мувофиқат пайдо кардани растаниҳо), ки дар процесси интихоби табиӣ шаклҳои муайянро нигоҳ медо­рад.

Усулҳои асосии тадқиқоти морфо­логӣ инҳоянд: тасвири (баёнӣ), муқоисавӣ, таҷрибавӣ. Усули якум шакли узвҳои растанӣ ва системаи онҳоро (органография) тасвир мекунад. Усули дуюм материалҳои тасвириеро, ки ҳангоми усули аввал ғун мешаванд, тасниф менамояд, яъне ба гурӯҳҳо ҷудо мекунад. Ин усулро дар вақти тадқиқи тағйири синнусолии организм ва узвҳои он (усули муқоисавӣ-онтогенезӣ) ҳан­гоми ошкор намудани эволюцияи узвҳои растанӣ бо роҳи муқоиса кардани гурӯҳҳои гуногуни растаниҳо (усули муқоисавӣ-филогенезӣ) ва омӯзиши таъсири муҳити бе­руна (усули муқоисавӣ-экологӣ) низ истифода мебаранд. Дар усули сеюм реакцияи (ҳассосияти) морфология растаниҳоро дар шароитҳои гуногу­ни сунъӣ меомӯзанд.

Морфорлогияи растаниҳо бо соҳаҳои зерини ботаника робита дорад: палеоботаника, систематикаи растаниҳо филогенияи растаниҳо, физиологияи растаниҳо, эко­логия ва географияи растаниҳо, геоботаника, генетика ва ғ. Истилоҳоти тасвири морфология растаниҳо ҳанӯз дар асри 17 кор кар­да шуда буд. Вале чун илми мустақил Морфорлогияи растаниҳо охири асри 18 баъди нашр шудани асари шоир ва табиатшинос И. В. Гёте «Таҷрибаҳо оид ба метаморфози растаниҳо» («Опыт о мета­морфозе растений», 1790) пайдо гардид. Ӯ соли 1817 истилоҳи «морфология»-ро пешниҳод намуд. Тадқиқоти Гёте дар ривоҷу равнақи Морфорлогияи растаниҳо роли ҳалкунанда бозиданд. Морфорлогияи растаниҳо хусусан нимаи аввали асри 19 инкишоф ёфт. О. П. Декандоль соли 1827 фикреро оид ба ягонагии узвҳо ва метаморфоза онҳо баён намуд. Р. Броун тухммуғчаи растаниҳои лучтухм ва пӯшидатухм, архегонии ва спермаи растаниҳои сӯзанбаргро тадқиқ кард. Дар инкишофи морфологияи муқоисавии растаниҳо мақоми ботаники немис А. Браун, ки табиати узвҳои ба мета­морфоз дучор шударо омӯхтааст ва якҷоя бо К. Шимпср таълимоти қонунияти математикии ҷойгиршавии баргро буньёд кардааст, хело калон мебошад. Нимаи аввали асри 19 ба соҳаҳои овтогенезӣ ва филогенезии Морфорлогияи растаниҳо низ асос гузошта шуд. Дар тараққиёти ин соҳаҳо хизмати ботаникони немис М. Шлеиден (солҳои 1842— 48) ва В. Гофмейстер (1849—51) ка­лон аст. В. Гофмейстер бадали наслро баён намуд. Ӯ инчунин монандии узвҳои афзоиши маймунашаклҳо, сархасҳо ва растаниҳои лучтухмро исбот кард. Ба туфайли ин тадқиқот алоқаи морфологӣ ва эволюционии растаниҳои тухмдор ва спораовар муайян карда шуд.

Нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 ба тараққиёти Морфорлогияи растаниҳо назарияи эволюци­онии Дарвин (ниг. Дарвинизм) таъсири калон расонид. Баробари аз чоп баромадани асари Ч. Дарвин «Пайдоиши намудҳо» (1859) дар тад­қиқи морфологияи растаниҳо усули таърихи бартарӣ пайдо кард. Инкишофи минбаъдаи морфологияи эво­люционии растаниҳо дар асарҳои ботаникҳои рус И. Д. Чистяков, И. Н. Горожанкин ва немис. Н. Прингсхейм, Э. Страсбургер оид ба монан­дии узвҳои афзоиши гурӯҳҳои гуногуни растаниҳо ва давраҳои афзоиши онҳо, В. И. Беляев — инкишофи гаметофити нарина, С. Г. Навашин (1898) —бордоршавии дукарата, ботаникҳои чех Л. Челаковский (1897— 1903) ва Й. Беленовский, инчунин ботаникҳои англис Ф. Боуэр (1890— 1908, 1935), немис Г. Потонье (1895— 1912) ва франсавӣ О. Линье (1913— 14) оид ба пайдоиши узвҳои асо­сии растаниҳои олии хокӣ таҷассум ёфтааст. Комёбии муҳими морфоло­гияи эволюционии растаниҳо кашфи назарияи пайдоиши гул (ботаникҳои англис Н. Арбер, Ч. Паркин —1907 ва австриягӣ Р. Веттштейн — 1908) ва аввалин таснифи эволюционии мева (ботаники рус X. Я. Гоби — 1921) мебошад.

Дар ривоҷу равнақи морфологияи онтогенезии растаниҳо тадқиқоти ботаники немис А. Эйхлер дар бо­раи таърихи инкишофи барг (1869) ва қонунияти сохти гул (1878—82), ботаники рус В. А. Дейнега оид ба онтогенези барг дар растаниҳои як ва дупаллагӣ (1902), морфологҳои рус Н. Н. Кауфман, Ф. М. Каменский, С. И. Ростовцев дар бораи шаклҳои ба метаморфоз дучоршудаи рас­таниҳо мақоми арзанда доранд. Дар инкишофи морфологияи таҷрибавии растаниҳо бошад, хизмати олимони рус ва советӣ К. А. Тимирязев, А. Н. Бекетов, Н. Ф. Леваковскнй, олимони немис Г. Фёхтинг, Г. Клебс, К. Гёбель, ботаники австриягӣ К). Визнер ва дигар калон аст.

Морфологияи экологии растаниҳо якҷоя бо география ва экологияи растаниҳо ба вуҷуд омад. Проблемаи асосии он омӯхтани шаклҳои ҳаётии растаниҳо мебошад. Асосгузори ин соҳа олимони даниягӣ Э. Варминг (солҳои 1902—16) ва К. Раункиер (1905—07), ботаники немис А. Шимпер мебошанд. Дар инкишофи ин соҳа олимони рус А. Н. Крас­нов, Д. Б. Янишевский, Г. Н. Высоцкий, Л. И. Казакевич ва дигарон низ саҳми арзанда гузоштанд.

Проблемаҳои асосии Морфорлогияи растаниҳо омӯхтани гуногунии шакл ва қонунияти пайдоиши онҳо, ошкор намудани сабабу қоидаҳои ҷойгиршавии узвҳои растаниҳо ва қисмҳои алоҳидаи он­ҳо, тадқиқи муқоисавии процессҳои шаклҳосилкунӣ ҳангоми онтогенез ва филогенез ва ғ. мебошанд. Хусусан омӯхтани пайдоиши гул, узвҳои нашвӣ, таърихи инкишофи шаклҳои гуногуни ҳаётии растаниҳо, такмили минбаъдаи назарияҳои мавҷуда, ба монанди назарияҳои стелярӣ, теломӣ, пиршавӣ ва ғ., буньёд намуда фарзияҳои наве, ки моҳияти мор­фологии шаклҳои дар табиат дидашавандаи растаниҳоро фаҳмонда метавонад, ба вучуд овардани таснифи генетикии узвҳои алоҳида (барг, хӯшагул, мева ва ғ.) дар маркази диққати Морфологияи расаниҳо мебошад. Дар ҳалли про­блемаҳои мазкур олимони мамлакатҳои гуногун тадқиқот мебаранд.

Морфологияи растаниҳо дар хоҷагии халқ, аҳамияти калон дорад. Маълумотҳои морфоло­гияи муқоисавӣ, экологӣ ва таҷриба­вии растаниҳо оид ба қонунияти шаклпайдокунии растаниҳо дар амалия истифода мешавад. Тадқиқотҳо оид ба морфогенез ва морфологияи экологии растаниҳо бошад, барои коркарди асосҳои биологии ҷангалпарварӣ, усулҳои парвариши раста­ниҳои ороишӣ, оқилона истифода бурдани растаниҳои фоиданоки худрӯй (мас., гиёҳҳои доруӣ) ва ғ. ба кор мераванд. Морфологияи растаниҳо барои ҷамъбасти назариявӣ оид ба пайдоиш ва инкишофи растаниҳо низ маълумотҳои нав ба нав гирд меоварад.

Дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои морфологияи экологӣ ва таҷрибавии растаниҳо дар стационарҳо, Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон тадқиқот мебаранд. Дар ин муассисаҳои илмӣ олимони тоҷик ба омӯзиши эднфакторҳои асосии набототи республика машғуланд. Ҳангоми тартиб додани «Флоран РСС Тоҷикистон» усулҳои морфологияи тасвирӣ васеъ истифода мешаванд.

Проблемаҳои Морфологияи растаниҳо, дар симпозиум ва коллоквиумҳои байналхалқӣ, дар СССР бошад, дар съездҳои ҷамъияти ботаникҳо, маҷлисҳои машвара­тии умумииттифоқӣ оид ба морфо­генез, конференцияҳои умумииттифоқии байни донишкадаҳои олӣ муҳокима мешаванд.

Тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои гуногуни Морфологияи растаниҳо дар журнали байналхалқии «Phytomorphology» (Delhi, 1951), дар СССР дар қисмати «Морфология и анатомия растений»-и маҷмӯаи асарҳои Институти бота­никаи АФ СССР (аз соли 1950), «Бота­нический журнал» (1916), «Бюллетен Московского общества испытателей природы» (аз 1829) ва дигар журналҳои биологӣ нашр мешаванд.

Ад.: Серебряков И. Г., Морфоло­гия вегетативных органов высших расте­ний, М., 1952; Гёте И. В., Избр. соч. по естествознанию, М., 1957; Тахтаджан A. Л, Происхождение и расселе­ние цветковых растений. Л., 1970.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …