Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРФОЛОГИЯ

МОРФОЛОГИЯ

morfologiyaМОРФОЛОГИЯ (аз юн. morphe — намуд. шакл, сохт ва …логия)% як ҷузъи системаи забони табиист, ки тарзи сохта шудан, дарки маънои шаклҳои калимаҳои забонро таъмин менамояд; як қисми забоншиносӣ (грамматика) мебошад, ки ин ҷузъи системаи забонро меомӯзад. Морфогенез ҳамчун илм аз ду фасл иборат аст: 1) фасли омӯзиши калимасозӣ, 2) фасли омӯзиши тағайюроти калимаҳо. Морфогенез ду хел мешавад: 1) Морфогенези умумӣ 6 назариявӣ, 2) Морфогенези хусусӣ ва ё тасвирӣ (Морфогенези забони алоҳида). Вазифаи Морфогенези умумӣ ҳалли 4 масъалаи муҳим аст: 1) тадқиқи назарияи маъноҳои морфологӣ (калимасозӣ ва тағайюроти шаклҳои калима ва ифо­даи онҳо дар забонҳои гуногун); 2) тадқиқи роҳҳо ва воситаҳои ба вуҷуд омадани калимаҳои нав; 3) тадқиқи муносибатҳои маъноии байни калимаҳо; 4) таҳияи назарияи умумии моделҳои (қолибҳои) морфоло­гӣ, ки дар асоси Морфогенези хусусӣ ба вуҷуд омадаанд; муқаррар кардани ҷузъҳое, ки аз онҳо калима шакл гирифтааст, таъини қоидаҳои морфологӣ ва ғ. Вазифаи Морфогенези хусусӣ дар асоси принципҳое, ки Морфогенези умумӣ пешниҳод мекунад, бохтани модели (қолибӣ) морфологии забон, қонунӣ кардани воситаҳои ба вуҷуд овардани маъноҳои гарамматикӣ, тартиби қоидаҳои забони алоҳида мебошад.

Ад.: Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология, К. 1, Д., 1973; Реформатский А. А., Введение в языковедение, 4 изд., М., 1967; Виноградов В. В., Русский язык. (Грамматическое учение о слове), М., 1972; Кубрякова Б. С., Основы морфологического анализа, М., 1974.

Х.Ҳусейнов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …