Главная / Илм / МОРФИН

МОРФИН

morfinМОРФИН, алкалоид, воситаи табобатӣ аз гурӯҳи доруҳои рафъкунандаи дард. Дар амалияи тиб асосан гидрохлориди он чун воситаи табобатӣ (бо тавсияи духтур) ҳангоми ҷароҳат ва бемориҳои гуногуне, ки дардашон бисьёр сахт аст, инчунин барои ба ҷарроҳӣ тайёр намудани беморон ва баъди ҷарроҳӣ, баъзан дар вақти танг шудани нафас истифода мешавад. Ҳангоми муддати зиёд такроран истеъмол намудани Морфин нисбат ба он нашъамандӣ (морфинизм) инкишоф меёбад.

 

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …