Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОРЕЛЛӢ

МОРЕЛЛӢ

morelliМОРЕЛЛӢ (Morelly), коммунист хаёлии асри 18 франсавӣ. Маълумоти мӯътамади биографӣ боқӣ намондааст. Ақидаҳои Мореллӣ дар достони «Базилизда» (1753) ва рисолаи «Кодекси табиат ё рӯҳи аслии қонунҳои он» баён шудааст. Мувофиқи ақидаи Мореллӣ ҷамъияте, ки ба моликияти хусусӣ асос ёфтааст ва ба хираду табиат мухолиф аст, бояд бо тартиботи коммунистӣ иваз карда шавад. Агар коммунизми ибтидоӣ бешуурона сурат гирифта бошад, пас коммунизми оянда ҷамъияти бошуурона мешавад. Бар хилофи Т. Мор ва Т. Кампанелла, ки ба ташаккули ақидаҳои ӯ таъсир кардаанд, Мореллӣ фикру андешаҳои худро оид ба сохти ҷамъияти коммунистӣ дар зимни тасвири сохти иҷтимоии ким-кадом кишвари хаёлӣ не, балки дар шакли лоиҳаҳои қонунгузорӣ баён кардааст. Мореллӣ се Қонуни «асосӣ ва муқаддас»-ро тартиб додааст, ки бо интишори онҳо ба ақидаи ӯ дигаргунсозии коммунистӣ оғоз меёбад. Қонуни якум моликияти хусусиро барҳам медиҳад, дуюм ба меҳнат ҳуқуқ доштани одамонро асоснок намуда, аз тарафи ҷамъият дастгирӣ шудани онҳоро кафолат медиҳад, сеюм ҳар як гражданинро ӯҳдадор мекунад, ки ба меҳнати судманди ҷамъиятӣ машғул шавад. Мореллӣ ақидаҳои утопистони пешинаро дар боби имконпазир будани сохтмони коммунизм дар ҷамоаҳои на чандон калон рад намуда, исбот мекард, ки коммунизм дар миқёси як мамлакати бутун пайваста ба ҳисобу китоб ва тақсимоти мутамаркази меҳнат ва маҳсулоти он бояд ҷорӣ карда шавад. Мореллӣ ба ғояи барҳам додани тафовути шаҳр ва қишлоқ дар замони коммунизм назар ба дигар утопистони асри 16—18 наздиктар шудааст. Бо вуҷуди он ҷаҳонбинии Мореллӣ аз маҳдудиятҳои таърихӣ низ озод нест. Мас., дар таълимоти ӯ тамоюли зоҳидона ҷои намоёнро ишғол менамояд. Таълимоти Мореллӣ ба муосиронаш қариб тамоман маълум набуд, вале пай ба ташаккули ақидаҳои Г. Бабёф ва инчунин таълимоти социалистони утопиявии нимаи аввали асри 19 Э. Кабе, Фурье ва Т. Дезами таъсир расондааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …