Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОРДВАҲО

МОРДВАҲО

mordvahoМОРДВАҲО, миллат, аҳолии асосии РАСС Мордва. Шумораашон 1192 ҳазор нафар (1979). Дар РАСС Мордва, вилоятҳoи Саратов, Пенза, Ульянов, Горький, Оренбург ва Куйбышеви РСФСР, РАСС Тот., Чувашистон, Бошқирдистон, Сибирь, Осиёи Миёна ва Шарқи Дур низ зиндагӣ мекунанд. Диндорон ба масеҳият эътиқод доранд. Мордҳо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: мордварзҳо ва мордвамокша. Аз якдигар бо забон, сару либос, тарзи хоҷагидорӣ фарқ мекунанд. Бо забонҳои эрзя ва мокша гап мезананд.

Маълумотҳои аввалин оид ба Мордҳо ба миёнаи ҳазораи 1 то м. рост меояд. Қабилаҳои мордва дар асоси қабилаҳое, ки асри 7 то м.— а. 5 м. дар соҳилҳои Волгаи Миёна зиндагӣ мекарданд, ташаккул ёфтаанд. Дар натиҷаи барҳам хурдани муносибатҳои падаршоҳӣ-қабилавӣ охири асри 14 — аввали асри 15 қабилаҳои мордва муттаҳид гардида, шаклан ба халқият табдил ёфтанд. Дар асри 20 ташаккули халқияти мордва анҷом ёфт. Пас аз Револютсияи Октябрь халқи мордва соҳибихтиёр гардид (1930); дар солҳои сохтмони социализм миллати социалистии мордва ташаккул ёфт. Зиёиёни миллӣ ба вуҷуд омаданд. Театр, адабиёт, бисьёр намудҳои анъанавии санъат ва фольклори миллӣ хеле тараққӣ кардаанд. Доир ба хоҷагӣ, таърих ва санъати Мордҳо нпг. Мордва, РАСС.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …