Маълумоти охирин

MOP

morMOP (More) Томас (7. 2. 1478, Лондон — 6. 7. 1535, ҳамон ҷо), гуманист, ходими давлатӣ ва нависандаи англис, асосгузори социализми хаёлӣ. Писари хизматчии идораҳои суди англис. Солҳои 1492-1494 дар Университети Оксфорд таҳсил намуда, бо маҳфили Ислоҳотчиёни Оксфорд ҳамкорӣ намуда, 1504—32 вазифаҳои муҳими давлатиро иҷро кардааст. Ӯ барои дар назди шоҳ ҳамчун «сардори олӣ»-и калисои англисӣ қасам ёд накарданаш ҳабс (1534) ва баъдтар чун хоини давлатӣ ба қатл расонида шуд. Номи Морро «Утопия» ном асараш (1516) машҳур гардонидааст. Дар ин асар сохти идеалии ҷамъият тасвир мешавад, ки дар Утопия ном ҷазира воқеъ аст. Дар ҷамъияти мазкур моликияти хусусӣ умуман нест. Одамон дар соҳаи истеъмолот баробарҳуқуқанд. Меҳнат бошад барои ҳамаи гражданҳо ҳатмӣ буда, маҳсули вай аз рӯи талабот тақсим мешавад. Рӯзи кори 6 соатӣ буда, корҳои вазнинтаринро ҷинояткорон иҷро мекунанд. Сохти сиёсии «Утопия» ба принципҳои интихобӣ ва аршадият асос ёфтааст. Оила ҳамчун маишати коммунистӣ тасвир шуда, вай ба хешу таборӣ не, балки ба принципи истеҳсолӣ асос ёфтааст. Мор барои ба амал баровардапи орзуву амали худ истифода бурдани тарзу тариқи революциониро салоҳ намедонист; аслан вай ҳаракатҳои халқиро маъқул на мекард, зеро онҳоро аз мабдаъҳои харобиовар аз бесарусомонӣ медонист. «Утопия» ба ҷаҳонбинии ислоҳотчиёни верҳои оянда, аз ҷумла Морелли, Г. Бабёф, А. Сен-Симон, Ш. Фурье, Э. Кабе ва дигар намояндагони социализми хаёлӣ таъсири судманд расондааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …