Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАДАДГОРИ МУБОРИЗОНИ РЕВОЛЮЦИЯ (МОПР)

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАДАДГОРИ МУБОРИЗОНИ РЕВОЛЮЦИЯ (МОПР)

mopr

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАДАДГОРИ МУБОРИЗОНИ РЕВОЛЮЦИЯ (МОПР), дар давлатҳои капиталисти Ёрии байналхалқии сурх, ки дар асоси қарори Конгресси 4-уми Каминтерн, соли 1922 бо мақсади ҳимояи меҳнаткашон аз террори сафед ва ёрӣ расондан ба қурбониҳои террор таъсис ёфт; ба маҳбусону муҳоҷирони сиёсӣ ва оилан онҳо, оилаи революционерони кушташуда, сарфи назар аз мансубият ба ягон партия кумаки моддӣ, юридикӣ, маънавӣ мерасонд. Яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати ягонагии фронти халқӣ ва коргарӣ, тарбияи интернасионалии омма ҳисоб меёфт. МОПР то соли 1932 70 сексияи миллиро муттаҳид менамуд, кн тақрибан 14 млн аъзо дошт; аз ин 9,7 млн одам аъзои МОПР-и СССР ва ёрии онҳо ба фонди мадади қурбоншудагони террор аз ҳама зиёд буд.
Аз авваля Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) фаъолияти МОПР дар арсаи байналхалқӣ қатъ гардид. Сексияи МОПР дар СССР то соли 1947 вуҷуд дошт.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …