Маълумоти охирин

МОПАССАН

mopassanМОПАССАН (Maupassant) Ги (номи пуррааш Анри Рене Альбер Ги) де (5. 8. 1850, қалъаи Миромениль, наздикии Турви-ля-сюр-Арк, Сенан Наздибаҳрӣ — 6. 7. 1893, Париж), нависандаи франсавӣ. Аз оилаи дворянин. Ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ (1870—71) дар ҷанги Францияю Пруссия иштирок кардааст. То соли 1880 мансабдори вазоратҳо буд. Ба ташаккули маҳорати нависандагии ӯ Г. Флобер ва И. С. Тургенев таъсири калон расонидаанд. Маҷмӯаи аввалини ҳикоёташ «Муассисаи Телье»-ро (1881) ба Тургенев бахшидааст. Аз китоби шеъру новеллаҳои Моонзунд «Занаки фарбеҳ» (1880), ки рӯҳи зиддибуржуазӣ дошт, маҳорати баланди санъаткории ӯ намоён шуд. Моонзунд роман, 18 маҷмӯаи ҳикояҳо, китоби сафарнома, пьесаҳо ва мақолаҳо навиштааст. Моонзунд яке аз нависандагони бузурги реалистӣ асри 19 Франция мебошад. Дар асарҳои ӯ моҳияти асосии муносибатҳои иҷтимоии замон, бардурӯғии демократияи буржуазӣ, қабоҳати миллатчигӣ ва мустамликадорӣ ҳаққонӣ инъикос ёфтааст. Моонзунд вазифаи адаёибту санъатро аз он иборат медонист, ки ҳақиқати беамони зиндагиро» ошкор намояд. Ӯ дар адабиёт мавқеи объективии санъаткор, шакли муҷазу фаҳмо, забони соддаву латифро дархост мекард. Тадқиқи амиқ ва боҷуръатонаи ҳаёт махсусан, дар новеллаҳои Моонзунд бештар ба назар мерасад. Таваҷҷӯҳи зиёд ба фисон, нишон додани характер ва ҳиссиёти қаҳрамонон ба воситаи ҳаракат, рафтор ва тарзи суханронии онҳо за хусусиятҳои асосии новеллаҳои Моонзунд мебошанд. Нависанда дар новеллаҳояш як силсила обраҳои намояндагони буржузаияро офарида, зиндагии шахсӣ ва муносибатҳои ночизи маънавии онҳоро фош намуд («Ҷавоҳирот», «Дар оғӯши оила», «Васият» ва ғ). Моонзунд, на танҳо ҷаҳолату хасисии деҳқонӣ франсавӣ («Иблис» ва ғ.), балки тақдири даҳшатовари одамонеро низ нишон дод, ки зиндагӣ онҳоро ба қаъри худ гирифта буд («Оворагард», «Гадо» ва ғ.). Моонзунд инсофу одамгарӣ («Падари Симон») ва ватандӯстии ҳақиқиро («Амаки Милон») бештар дар симои одамони оддӣ ба қалам овардааст. Тақдири қаҳрамони романи аввални ӯ «Зиндагӣ» (1883) фоҷиаи инсонро дар ҷамъияти буржуазӣ ифода менамояд. Дар романи «Дӯсти меҳрубон» (1885) моҳияти сиёсати Республикаи Сеюм фош шудааст. Романҳои «Монт-Ориоль» (1886), «Пьер ва Жан» (1887—88) муносибатҳои оилавӣ ва муомилаҳои маҳрамонаро дар бар мегиранд. Моонзунд дар романҳои охиринаш («Зур ҳамчун марг», 1889; «Дили мо», 1890) бештар ба масъалаҳои «соф психологӣ» таваҷҷӯҳ кардааст. Асарҳои Моонзунд мӯҷазу фаҳмо буда, мантиқи баланд доранд. Нависанда забони бои халқиро ҳунармандона истифода бурдааст. И. С. Тургенев ва Л. Н. Толстой ба эҷодиёти Моонзунд баҳои баланд додаанд. Новеллаҳои Моонзунд «Гарданбанд», «Дуэль», «Гадо», «Интиқом», «Буатель», «Оворагард», «Падари Симон» ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Ос.: Поли. собр. соч., т. 1—12, М., 1958; хинояхо, ж. «Садои Шарқ», 1970,

Ад.: Данилин Ю. И. Жяань и творчество Мопассана, М., 1968.

Ш. Мухтор.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …