Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНТМОРИЛЛОНИТ

МОНТМОРИЛЛОНИТ

montmorilltonitМОНТМОРИЛЛОНИТ [аз номи ш. Монморийон (Montmorillon) дар Франция], минерали гилӣ аз гурӯҳи силикатҳои қабатдор. Таркиби химиявиаш тағйирёбанда (Са, Na) (Mg, Al, Fehl(Si, A1)40,o] (OH)2  nH20. Системаи кристаллбандии Монтмориллонит моноклинӣ, кристаллҳояш камёфт буда, онҳоро танҳо дар зери микроскопи электронӣ дидан мумкин аст; одатан баргмонанданд. Ранги Монтмориллонит вобаста ба омехтаҳои таркибаш сафеди ба гулобӣ, хокистарӣ ва ё кабуд монл, баъзан сурх ё сабзтоб аст. Сахтиаш қариб 1; зичиаш қариб 1800 кг/мз. Монтмориллонит тар шавад, хеле медамад ва ин ҳолат ҳангоми дар байни қабатҳои структураи он роҳ ёфтани об рӯи медиҳад. Монтмориллонит маҳсули хоси фарсоиши алюмосиликатҳост дар муҳити ишқорӣ. Монтмориллонит ҷузъи асосии бентонитҳо буда, дар таркиби хок ва ҷинсҳои таҳшинии дигар низ ҷой дорад. Гилҳои Монтмориллонитдор сарвати муҳими зеризаминӣ буда, дар саноати бофандагӣ (ҳамчун воситаи шустагарии матоъҳо) ва дар саноати собунпазию нефт (чун гили софкории равғани растанию нефт) истифода мешаванд. Дар терр. Тоҷикистон ин хел гилҳо бештар дар байни таҳнишастҳои давраи табошир ёфт мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …