Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОНТЕСКЬЁ

МОНТЕСКЬЁ

montesekyoМОНТЕСКЬЁ (Montesquieu) Шарль Луи де Секонда, барои де Ла Бреди де Монтескьё (18. 1. 1689, Лаб-ред, наздикии Бордо —10. 2. 1755, Париж), маорифпарвар, ҳуқуқшинос, файласуф, адиби франсавӣ. Аъзои Институти Франция (1727). Аз авлоди қадимаи дворянӣ. Баъди хатми коллежи католикӣ (1705)_ дар Бордо ва Париж ҳуқуқро омӯхтааст. Соли 1714 мушовир, аз соли 1716 яке аз ноиб-презндентҳои парламенти (суди) Бордо. Аз соли 1726 дар Париж зистааст.

Соли 1728 ба мамлакатҳои Европа (Италия, Пруссия, Нидерланд) сафар карда, 1729—31 дар Британияи Кабир зиндагӣ кард. Амалияи конститусионии Англия, ақидаҳои ҳуқуқшиносон ва файласуфони англис ба ташаккули идеалҳои давлатию ҳуқуцшиносии Монтескьё таъсири зиёд расонданд. Ин ғояҳо дар асари энциклопедии «Рӯҳ-ул-қавонин» (1748) хеле хуб ифода ёфтаанд. Монтескьё дар ташаккули ҳуқуқи позитивӣ ва шаклҳои давлатдорӣ мақоми омилҳои географӣ (хусусан иқлим)-ро хеле баланд мебардошт. Ба ақидаи ӯ иқлими гарм боиси танбалию шаҳват мегардад. Далерии гражданиро нест карда, истибдодро ба амал меорад. Ин нуқтаи назар боиси поягузории мактаби географӣ дар социология гардид. Аммо ба омилҳои сиёсӣ ва пеш аз ҳама ба шакли давлатдорӣ диққати махсус медод. Монтескьё дар асоси назарияҳои сиёсии атиқа се шакли дуруст (демократия, аристократия ва монархия) ва як шакли нодурусти (истибдодӣ) давлатдориро фарқ мекард. Монтескьё монархияро шакли беҳтарини давлатдорӣ медонист. Ӯ ҳамчун мунаққиди истибдоди шоҳӣ ва идеологӣ монархияи конституционӣ дар таърихи Франция, дар инкишофи афкори ҷамъиятии ҷаҳонӣ мақоми хос дорад. Программаи сиёсии Монтескьё умуман — программаи созиши байни буржуазия ва дворянҳо ба шарти иштироки баробар дар татбиқи ҳокимияти давлатӣ аст. Монтескьё дар соҳаи соф ҳуқуқӣ як қатор принципҳои прогрессивӣ пешниҳод намуд: баробарии гражданҳо дар назди қонун, ҳуқуқи васеи интихоботӣ, озодии сухан, матбуот, эътиқод, ҷудо кардани калисо аз давлат, даст кашидан аз шиканҷаю ҷазоҳои вазнин, зарурати созишномаҳои байналхалқӣ дар бораи гуманизацияи методҳои ҷанг ва ғ.

Ақидаҳои таърихии Монтескьё дар асари «Мулодизаҳо доир ба сабабҳои иқтидору инқирози римиҳо» (1734) ифода ёфтаанд. Монтескьё аз фаҳмиши теологии таърих даст кашида, нуқтаи қонунияти объективии процесси таърихҳо пешниҳод намуд. Монтескьё ҳамчун устоди сухан тавассути романи «Мактубҳои форсӣ» (1721)—яке аз асарҳои беҳтарини жанри фалсафии барои асри 18 хос машҳур гашт. Роҳҳои роман дар шакли мукотибаи дӯстон — форсҳо, узбекҳо, мунаққидони «содда» ва дар айни ҳол оқили ҷамъиятӣ дуньявии Франция ифода ёфтаанд. Ҳаҷви пур аз истеҳзо ва бозарофати Монтескьё тамоми табақаҳои монархияи мутлақи Франция, ҳаёти сиёсиӣ, маданият, хулқу рафтори раияти онро ифшо кард.

Достонҳои насрии «Дайри Книд» (1725) ва «Саёҳат ба Пафос» (1727) дар рӯҳияи риндияи эппкуреистӣ навишта шудаанд.

Ас.: Избр. произв., М., 1955; Персидские письма, М., 1956.

Ад.: История французской литературы, т. 1, М., 1946; Баскин М. П., Монтескьё, М., 1965.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …