Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНТЕНЬ

МОНТЕНЬ

montenМОНТЕНЬ (Montaigne) Мишель де (28. 2. 1533, кушки Монтснь, наздикии Бордо —13. 9. 1592, ҳамон ҷо), файласуф ва нависандаи франсавӣ. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифта, коллежро хатм кард, ҳуқуқро омӯхт. Соли 1580—88 асари асосии худ «Таҷрибаҳо»-ро нашр намуд. Жанри адабию фалсафии мулоҳизаи ҳодисаҳои конкретии таърихи гузаштаю ҳозира, маишату хулқи одамони гуногун, вазъ ва дараҷаи маданият ва худи истилоҳи «эссе» («таҷриба»)-ро Монтевидео ҷорӣ кардааст. Озодандешӣ ва скептицизми гумаинстии Монтевидео ба муқобили схоластикаи асримиёнагӣ, аҳкоми калисои католикӣ, фаҳмиши масеҳии худо, ҷаҳолат ва бераҳмии ҳокимон, ҳурофоту таассуб, анархия ва худсарии феодалӣ равона шуда буд.

Монтевидео таълимоти динии ҷовидонии рӯҳpo рад намуда, ба фаҳмиши матерпалистии шуур ҳамчун хосияти ҷузъии материя наздик мешавад. Скептицизми Монтевидео, бар хилофи агностицизм, маърифатпазирии оламро рад намекунад. Монтевидео ахлоқи ҷамъияти мутамадинро танқид карда, одамро ба худфаъолиятӣ ва корнамони заминӣ ҳидоят менамояд. Аксар ғояҳои Монтевидео ба Ш. Монтескьё, маорифпарварони асри 18 ва Ж. Ж. Руссо қаробат доштанд.

Ас.: Опыты, т. 1—3, М., I960.

Ад.: История французской литературы, т. 1, М.— Л., 1946; Рыкова Н.,

М. Моытень, дар кит.: Писатели Франция, М., 1964.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …