Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНЦОНИТ

МОНЦОНИТ

monocinitМОНЦОНИТ [аз номи кӯҳи Монцони (Monzoni) дар Италия], габбро-сиенит, ҷинси кӯҳии магмавии кристаллӣ. Таркибаш аз шпатҳои даштии қариб ба миқдори баробар калию натрийдор (асосан ортоклаз) ва плагиоклаз (бештар лабрадор, баъзан андезин), инчунин аз 35% минералҳои ранга (авгит, амфибол ва биотит) иборат аст. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ гурӯҳи Монтмориллонит байни габбро ва сиенит мавқеи мобайнӣ дорад. Он дар амиқиҳои қишри Замин ба вуҷуд меояд. Монтмориллонит хокистарранг ва калондона аст; баъди бурида сайқал додан намуди зебо мегирад ва аз ҳамин сабаб онро дар бинокорӣ васеъ истифода мебаранд. Монтмориллонит дар бисёр ноҳияҳои СССР (Украина, Наздибайкал) ва хориҷа (Италия, Норвегия ва ғ.) маълум аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …