Маълумоти охирин

МОНТАЖ

montajМОНТАЖ дар кино, процесси эҷодӣ ва техникиест дар офаридани фильм. Монтаж хотимаи фильмофарӣ буда, ҳангоми он саҳна ва кадрҳое, ки дар вақтҳои гуногун (чандин маротиба) ба навор гирифта шудаанд, интихоб ва аз рӯи сценария ба ҳам васл карда мешаванд. Дар айни ҳол Монтаж системаи бадеист, ки таносубу рабти дохилии кадрҳо, маъно ва ягонагии тасвиру овоз ва дигар ҷузъиёти фильмро дар бар мегирад. Кадрҳо аз рӯи хусусияту нишонаҳои умумиашон, яъне ягонагии замону макони амалиёт, тарҳандозии мизансцена, ритми ҳаракат, хусусияти рӯшноӣ, мазмуни муколамаи қаҳрамонҳо васл карда мешаванд. Монтаж ба ҳамаи унсурҳои фильм таъсир мерасонад. Барҷаста, образнок ва пуртаъсирии амалиёти экранӣ ба сохту усули Монтаж вобаста аст. Монтаж аз рӯи ғоя, мазмун, жанри асар ва ҳамчунин фардияти эҷодии режиссёр шаклҳои гуногун мегирад. Таҳаввули таърихии кино ва бозёфтҳои техникии он:

овоз, ранг, экрани васеъ, камераи ҳаракаташ универсалӣ ва ғ. маъно ва усулҳои Монтажро дигар карданд. Барои пешрафти назарияи Монтаж арбобони кинои америкоӣ Д. У. Гриффит, Т. Инс ва кинои советӣ Л. Кулешов, Д. Вертов, В. Пудовкин, С. Эйзенштейн ва дигар ҳиссаи калон гузоштаанд. Таълимоти С. Эйзенштейн оид ба Монтаж чуннн методу усулҳои тафсири кинематографиро, ба мисли «монтажи интеллектуалӣ», «монтажи вертикалии (монтажи овозу тасвир), «монтажи хромофонӣ» (Монтажи рангу овоз) ва ғ.-ро дар бар мегирад, ки он пешрафти тафаккури бадеиро дар санъати кинои солҳои 20 ва 30 инъикос намудааст (мас., мавқеи ранг дар сохти Монтажии фильм ва ғ.). Дар санъати кино намудҳои гуногун ва роҳҳои зиёди ҳалли Монтажии фильм маълум аст, ки машҳуртаринашон инҳоянд: Монтажи пай дар пай (6 ки мусалсал), ки методи оддитарин буда, амалиёти экранӣ дар он аз ҷиҳати замон хеле тӯлонист, аммо ба туфайли интихоби кадру саҳнахҳо, сюжет хеле муҷаз ва пай дар пай дарк мешавад; Монтажи параллели, усулест, ки тамошобинро дар як лаҳза аз як макони воқеа ба макони дигар мебарад, яъне инкишофи ду воқеа дар дохили як сюжет. Ин намуди Монтаж барои дар экран кушода додани низои пуршиддат имконият фароҳам меорад ва дар фильмҳои саргузашти бештар истифода мешавад; Монтажи офаридгор, бо роҳи интихоб ва Монтаж ба материал маънои тамоман нав бахшидан аст, ки пеш он маъноро доро набуд. В. Пудовкин чунин мисоле меорад: се кадри асрии — чеҳраи хандони актёр, тасвири револвер ва чеҳраи пуртарсу бими ҳамон актёр — пай дар пай васл карда шавад, тамошобин мепиндоранд, ки ин одам буздил аст. Агар кадрҳои якум ва сеюмро иваз намоем, пас ҳаракати актёр қаҳрамониро ифода мекунад; Монтажи ассоциативии образнок (монтажи қиёсӣ), ин усули монтаж хусусияти рассоси дошта, бо роҳи қиёс намудани кадрҳои мазмунашон мухталиф образ меофарад. Мас., дар кадр одаме тасвир ёфтааст, ки ба фикр фурӯ рафтааст. Баъд дар экран манзараи тирамоҳ бо абрҳои сиёҳ намудор мегардад. Аз муқоисаи ин ду кадр рӯҳияи гамангези одам эҳсос мешавад; Монтажи овозиву тасвирӣ, ин намуди Монтаж пас аз ихтирои овоз дар кино ба вуҷуд омада, барои пайваст намудани тасвиру овоз, ки образи ягонаи бадеӣ меофаранд, истифода мешавад; Монтажи дохиликадрӣ, солҳои 40—50 дар кинои советӣ ннтишор ёфта, онро «аксбардорӣ баробари ҳаракат» низ мегӯянд. Монтажи дохиликадрӣ ҳангоми амалиёти камера ба вуқӯъ меояд: камера аз паи объекти тасвир ҳаракат намуда, онро аз доираи назар берун намегузорад, ба он наздик ё дур шуда, амалиёт ва рӯҳияшро аксбардорӣ мекунад. Чунин Монтаж махсусан дар фильмҳои режиссёр М. Калатозов ва оператор С. Урусевский («Турнаҳо парвоз мекунанд», «Ман-Куба» ва ғ.) мавқеи муҳим дорад. Дар телевизион Монтажи «лаҳзагӣ» машҳур аст, ки асоси онро Монтажи кинематографӣ ташкил медиҳад ва ҳангоми аз ҷои воқеа ба таври репортаж додани амалиёт истифода мешавад. Дар фильмҳои ҳуҷҷати-хроникавӣ ва илмӣ-оммавӣ Монтажи тематикӣ маъмул аст, ки он ҷамъи факту далел, ҳуҷҷат ва материали воқеиро вобаста ба мақсади асосии фильм ба ришта мекашад.

Ад.: Кулешов Л., Основы кинорежиссуры, М., 1941; ҳамон муалл., Кадр и монтаж, М., 1961: Эйзенштейн С., Иабр. пропав, в. в тт., т. 2, М., 1964.

  1. Aҳpopoв.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …