Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОНРОВИЯ

МОНРОВИЯ

monroviyaМОНРОВИЯ (Monrovia), пойтахти Республикаи Либерия, ки дар соҳили уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи дарёи Сент-Пол воқеъ гаштааст. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳаророрати миёнаи январ 26,5° С, июль 24,4° С; боришоти солона қариб 4000 мм. Аҳолиаш 204 ҳазор нафар (1978). Калонтарин бандар ва маркази тиҷоратии мамлакат. Узели роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист.

Дар Монреаль корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, чӯбгарӣ, хӯрокворӣ, заводи истеҳсоли маҳсулоти нефт, устохонаҳои таъмири автомобилҳо мавҷуданд. Дар шаҳр Университети давлатии Либерия (аз соли 1951), Музеи миллӣ, китобхонаҳо, Ҷамъияти геологӣ ва металлургияи кӯҳӣ ҳаст. Шахр соли 1822 буньёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …