Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНӢ

МОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНӢ

monopolyai-savdoi-berunaМОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНӢ, шакли асосии робитаҳои иқтисодии давлатҳои социалистӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ки тамоми муомилоти тиҷоратиро бо хориҷа органи махсуси давлатӣ ба ҷо меоварад. Давлати социалистӣ тавассути Монополияи савдои берунӣ бозори дохилии худро аз таҷовузи капитали хориҷӣ муҳофизат намуда, тамоми савдои беруниро барои тараққиёти босуръати хоҷагии халқи мамлакат истифода мекунад. Дар СССР Монополияи савдои берунӣро бо декрети Ҳукумати Советӣ аз 22 апрели 1918 ҷорӣ карда, дар моддаи 14 Конституцияи СССР ба ҳукми қонун дароварда шудааст. Савдои берунии СССР аз тарафи Вазорати савдои берунӣ ва органҳои дар дигар мамлакатҳо будаи он (намояндагиҳои тиҷоратӣ) анҷом дода мешавад. Дар дигар мамлакатҳои социалистӣ низ савдои берунӣ монополияи давлат аст. Монополияи савдои берунӣ шарти муҳими тараққии иқтисодиёти мамлакатҳои социалистӣ буда, ба инкишофи ҳамкорӣ ва ёрии иқтисодии байни ҳамаи мамлакатҳои системаи социалистӣ мусоидат мекунад.

Ад.: Ленин В. И., Дар бораи монополияи савдои хориҷӣ, Ас., ч. 33; Поздняков В. С., Государственная монополия внешней торговли в СССР. М.. I960.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …