Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОМЕРНО

МОНОМЕРНО

monomernoМОНОМЕРНО (аз моно… ва юн. nifiros-қисм), моддаҳои хурдмолекула, ки молекулаҳояшон қодиранд бо ҳамдигар ё молекулаҳои моддаҳои дигар пайваст шуда, дар ҷараёни полимеризация (реакцияҳое, ки дар натиҷаи онҳо аз ду ё якчанд молекулаи як модда як пайвасте, ки вазни молекулааш зиёд аст, вале таркибаш аз моддаи аввала фарқ намекунад, ҳосил мешавад) ва поликоиденсация (реакцияҳое, ки ҳангоми ҷараёни онҳо маҳсулоти иловагӣ ҳосил мегардад) полимер хосил мекунанд. Аксари Мономорҳое, ки дар полимеризация иштирок мекунанд ба яке аз ду гурӯҳи зерин мансубанд: 1) ба гурӯҳи пайвастҳое, ки дар натиҷаи кушода шудани бандҳои каратии С®С, ОС, С=0, C“N полимеризация мешаванд (олефинҳо, карбогидридҳои қатори диёнӣ ва ацетиленӣ, алдегидҳо, нитрилҳо ва ғ.); 2) пайвастҳое, ки дар натиҷаи кушода шудани гурӯҳи бандҳои ҳалқагӣ (мас., лактамҳо, лактонҳо, оксиди олефинҳо) полимеризация мешаванд. Дар поликонденсация ҳамагуна пайвастҳое, ки дар молекулаҳояшон ду ва аз он зиёд гурӯҳи реакцияпарвар (гурӯҳи функционалӣ) доранд (мас., диаминҳо, кислотаҳои дикарбонат, аминокислотаҳо, спиртҳои дуатома ва ғ.), ба сифати Мономорҳо иштирок карда метавонанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …