Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОНОЛОГ

МОНОЛОГ

monologМОНОЛОГ (аз моно… ва юн. 16-gos — сухан, нутқ), нутқи монологӣ, нутқи як шахс, як навъи нутқест, ки аз ҷиҳати сохту таркиб тамоман ё қариб ба нутқи ҳамсӯҳбат алоқа надорад ва бо ҳамин аз нутқи диалогӣ (Диалог) фарқ мекунад. Асосан дар суханрониҳои нотиқон, гуфторҳои радио ва телевизион, ҷараёни таълим (нутқи муаллим дар синф ва ғ.) истифода мешавад. Забон ва сохти композиционии нутқи монологӣ нисбат ба навъҳои дигари нутқ мураккабтар аст.

Монолог дар адабиёт ва театр. Ҷузъи асари бадеӣ ва ё жанри мустақилест, ки тавассути нутқи монологӣ шакл гирифтааст. Дар драма (спектакль, кинофильм) гуфтори қаҳрамон аст, ки аз суханони дигар қаҳрамонҳо ҷудо буда, барои худ ё атрофиён изҳор мешавад. Монолог, аксар барои ифодаи андешаҳои лирикию фалсафӣ, маҳрамонаю публицистии қаҳрамон, нуқтаи назари ӯ ба ҳаёту зиндагӣ (Монографияҳои Хамлет аз асари Шекспир ва Чацкий аз асари Грибоедов), инчунин барои шарҳи ҳодисаву воқеоти пеш аз оғози амалиёти асосӣ (сюжет)-и пьеса ва ё амалиёти пасисаҳнавӣ истифода мешавад. Лирика, аксаран лирикаи субъективӣ, ки дар он бевосита эҳсосоти шахси эҷодкор ифода мегардад, шакли махсуси Монолог мебошад. Ҳикояе, ки дар он сухан аз номи шахси аввал меравад, низ ба таври Монолог сохта мешавад. Вале дар услҳои монологӣ баъзан сухани шахси дигар, сухани «бегона» (унсурҳои пародия, мубоҳиса) ҷой мегирад, аз ин рӯ, тадқиқи монологӣ ба диалог наздикӣ пайдо мекунад. Дар насри реалистии охири асри 19 ва асри 20 Монологи ботинӣ яке аз воситаҳои муҳимми тасвири психологӣ гардид. Ин услуб ҳоло дар адабиёти сермиллати советӣ мавқеи калон гирифтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …