Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОНОХРОМАТОР

МОНОХРОМАТОР

monokhromatorМОНОХРОМАТОР (аз моно… »а юн. chromatos — ранг) дар оптика, асбобеет барои ҷудо карда гирифтани фосилаҳон хурди дарозии мавҷҳо (басомадҳо)-и афканишоти оптикӣ, яъне шуоъҳои намоён, инфрасурх ё ултрабунафш. Монохроматор аз равзани шуоъдаро 1, ки онро манбаи шуоъафкан мунаввар мекунад, коллиматор 2, элементи дисперсиякунанда 3 (ниг. Дисперсияи рӯшноӣ), объективи фокусгир 4 ва равзани нурафкан 5 иборат аст (расм). Элементи 3 шуоъҳои дарозии мавҷашон X гуногунро фазовӣ ҷудо карда, таҳти кунҷҳои гуногуни ф самт медиҳад. Дар натиҷа, дар ҳамворӣ и фокалии объективи 4 спектр ҳосил мешавад, ки аз маҷмӯи тасвирҳои равзани нурафкан иборат аст. Бо роҳи тоб додани элементи дисперсиякунанда қисми матлуби спектрро бо равзани шуоъбаро якҷоя кардан ва бо тағйир додани бари равшани фосилаи дарозии мавҷҳои қисми интихобшудаи спектр бХ-ро тағйир додан мумкин аст.

Дар Монохроматор призмаҳои дисперсионӣ ва панҷараҳои дифракционӣ чун элементи дисперсиякунанда хизмат мекунанд. Дисперсияи кунҷии онҳо Дф/ДХ якҷоя бо масофаи фокусии объективи 4 дисперсияи хаттии Монохроматорро муайян мекунад (Дф — фар-Ки кунҷии самтҳои шуоъҳое, ки дарозии мавҷашон ба ДХ фарқ мекунад ; М — масофаи байни ин шуоъҳо дар ҳамвории равзани нурафкан). Аз характеристикаҳои дигари Монохроматор қобилияти тафриқа ва қобилияти нургузаронӣ (светосила)-и он қобили қайд аст. Қобилияти тафриқаи Монохроматор, чун дигар асбобҳои спектрӣ ба—-г(»А) баробар аст; дар ин ҷо (ДХ) хурдтарин фарқи дарозии мавҷҳо, ки онро дар шуоъҳои аз Монохроматор хориҷшуда фарқ кардан мумкин аст. Қобилияти нургузаронии Монохроматор нишон медиҳад, ки кадом қисми энергияи шуоъ к дар фосилаи интихобшудаи дарозии мавҷ 6Х афкандаи маноа ъ аз Монохроматор мегузарад. Қобилияти нургузаронӣ ба характеристикаҳои геометрии Монохроматор (аз он ҷумла), андозаҳои равзан ва элементи дисперсиякунанда ва ба талафи рӯшноӣ дар вақти инъикосу фурӯбарӣ аз тарафи қисми оптикии Монохроматор вобаста аст. Объективи коллиматор ва объективи фокусгирии Монохроматор линзавӣ ва оинавӣ шуда метавонанд. Монохроматор10 муҳимтарин қисмҳои таркибии манбаъҳои рӯшноии монохроматӣ ва спектрофотометрҳо мебошанд, ки бо ёрии онҳо эиергияи соҳаҳои гуногуни спектри объективӣ тадқиқшавандаро чен мекунанд.

Ад.: Топopец А. С., Монохроматоры, М., 1955; Пейсхон И. В Оптика спектральных приборов, Л., 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …